Оғози сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон

© Пресс-служба президента РТПрезидент РТ Эмомали Рахмон и президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев, архивное фото
Президент РТ Эмомали Рахмон и президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин нахустин сафари расмии раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон аст. Охирин бор кишвардори аввалин-Ислом Каримов соли 2000-ум аз Тоҷикистон боздид карда буд

ДУШАНБЕ, 9 мар- Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев, рӯзи ҷумъа сафари расмии ду рӯзаи худро ба Тоҷикистон оғоз мекунад. Дар ин сафар имзои беш аз 25 созишнома аз ҷумла, аҳдномаи марзӣ ва масъалаи бекор кардани раводид дар назар аст.

Ин нахустин сафари расмии раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон аст. Охирин бор кишвардори аввалин-Ислом Каримов соли 2000-ум аз Тоҷикистон боздид карда буд. Раисҷумҳури Тоҷикистон охирин бор дар чорчӯби ҳамкориҳои дуҷониба, соли 1998 ба Узбакистон рафта буд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Шавкат Мирзиеёв барои сафар ба Тоҷикистон омодагӣ мебинад

Дар тӯли 25 сол миёни Узбакистону Тоҷикистон дар ҳар замина норозигиҳо сар мезад. Душанбе чандин бор кишвари ҳамсояро дар бастани роҳҳои оҳан айбдор мекард. Дар навбати худ Тошканд зидди сохтмони нерӯгоҳи бузургтарин дар Осиё-Роғун баромад кардааст. Соли 2001 аввал Узбакистон ва баъдтар Тоҷикистон низоми раводидро ҷорӣ кард,-менависад РИА Новости.

Мирзиёев ҳангоми соҳиби қудрат шудан, оштӣ бо кишварҳои ҳамсояро аз аввалин вазифаҳои худ донист.

"Об карани ях"

Моҳи январ, Мирзиёев зимни суханронӣ дар Шӯрои вакилони халқ эълом кард, ки барои "об кардани яхи 20 сола" ба Тоҷикистон меравад. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳури Узбакистон дар чорчӯби ин сафар масоили рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ, тироҷативу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту алоқа, гардишгарию фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ҳамкориҳои байниминтақавӣ, соддагардонии рафтуомади шаҳрвандони ду кишарро баррасӣ хоҳад шуд.

Дар хулосаи ин сафар имзои беш аз 25 созишнома аз ҷумла, аҳдномаи марзӣ ва масъалаи бекор кардани раводид дар назар аст.

Кохи Борбад, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Омодагии овозхонони узбаку тоҷик барои ҳунарнамоӣ дар пеши Мирзиёев ва Раҳмон

Гузаргоҳҳои марзӣ ва киловаттҳо

Масоили аломатгузории марзӣ ва рафтуомади шаҳрвандони ду кишвар аз масъалаҳои марказӣ барои муҳокима хоҳад буд. Тоҷикистон бо Узбакистон беш аз ҳазор километр марз дорад. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ 20 дарсади марзи Тоҷикистону Узбакистон нотақсим ва баҳсбарангез боқӣ монд.

Аввали моҳи март, нӯҳ гузаргоҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон боз шуданд. Мувофиқи созишномаи соли 2002 дар марзи Тоҷикистону Узбакистон 16 гузаргоҳ мавҷуд аст, ки нӯҳтояшон байналмилалӣ мебошад.

Аксари гузаргоҳҳои марзӣ соли 2000 дар паи тезу тунд шудани муносиботи ду кишвар баста шуданд. 

Дар баробари ин Тоҷикистон интиқоли барқро ба Узбакиистон аз сар гирифт. Мувофиқи созишнома имсол Тоҷикистон ба Узбакистон 1,5 миллиард кВт/соат барқ интиқол медиҳад. Ҳамчунин пас аз ҳафт сол, роҳи оҳани "Ғалаба-Хошадӣ", ки манотиқи ҷануби кишарҳоро ба ҳам мепайвандад, ҳамакнун боз шуд.

Лентаи хабарҳо
0