12:41 18 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.09
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Визит Шавката Мирзиёева в Душанбе

Имзои 27 созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон

© Пресс-служба президента РТ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
26941

Рӯзи 9 март дар ҷараёни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, байни Душанбе ва Тошканд 27 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

ДУШАНБЕ, 9 мар- Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар фарҷоми музокироти ҳайъатҳои олии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе байни ду кишвари ҳамсоя 27 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон шартнома дар масоили баҳсҳои марзӣ ва шартнома дар бораи равуои бераводиди сокинони ду кишвар ба мӯҳлати то 30 рӯзро аз муҳимтарин созишномаҳои имзошуда байни ду кишвар номид.

Дар ҳузури сарони ду давлат санадҳои зерини байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расонида шуданд:    

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи алоқаи автомобилии байналмилалӣ;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи алоқаи ҳавоӣ;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар таъмини фаъолияти сарбанди "Фарҳод";

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон;

— Барномаи ҳамкорӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон;

— Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳокимияти шаҳри Тошканд оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридании андоз аз даромад ва сармоя;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои молиявӣ;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи транзити боркашонии ҳарбӣ, махсус ва контингенти низоми тавассути ҳудуди давлатҳои Тарафҳо;

— Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкориҳои ҳарбӣ;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ;

— Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва илм;

— Созишнома байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ;

— Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи аҳолӣ;

— Протокол оид ба  боздошт намудани молҳо аз низоми савдои озод ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи савдои озод аз 10 январи соли 1996;

— Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ташкили тартиби соддаи амалисозии амалиёти гумрукӣ ҳангоми гузаронидани маҳсулот ва воситаҳои нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

— Протокол байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мубодилаи маълумот, оид ба гузаронидани маҳсулот дар савдои мутақобила байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

— Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи фаъолияти намояндагони сарҳадӣ;

— Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

— Ёддошти тафоҳум байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти стратегӣ ва байни минтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Мавзӯъҳои асосӣ