21:03 19 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.10
  • EUR10.50
  • RUB0.14
Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон

Пас аз сайри Варзоб: Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёевро гусел кард

© Пресс-служба президента РТ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон (18)
44720

Имрӯз, 10 март Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии “Варзоб”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Нимаи дуюми рӯзи 10 марти соли 2018 пас аз анҷоми сафари бобарори давлатӣ дар Тоҷикистон раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Тошкент баргашт, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе президенти Узбакистонро Эмомалӣ Раҳмон гусел кард.

Ёдовар мешавем, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбакистон давоми ду рӯз 9 ва 10 марти соли 2018 идома ёфта, зимни ин сафар мулоқоти сарони давлатҳо, намояндагони воломақоми ҳукуматҳо ва доираи соҳибкорони ду кишвар сурат гирифта, аз рӯйи натиҷаҳои он беш аз 40 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар доираи ин сафари давлатӣ Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Узбакистон ва Намоишгоҳи молу маҳсулоти Узбакистон баргузор шуд.

Руйдоди муҳим, ки бо иштироки Сарони давлатҳо ба амал омад, ифтитоҳи Гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани "Ғалаба-Амузанг" мебошад.

Тайи рӯзҳои охир бо талошҳову ташаббусҳои неки сарони давлатҳо наздики 10 гузаргоҳи сарҳадӣ кушода шуд, ки мардуми ташнаи дидорро ба висоли дӯст, хешу табор ва ҳамсояи нек расонд. Акнун шаҳрвандони ду кишвари ҳамсоя, ки муносибатҳои дӯстию хешутабории онҳо таърихи чандинасра дорад, бемамониат рафтуомад мекунанд.

Баргузории барномаи консертии устодони санъат ва ҳунармандони тоҷику узбак таҳти унвони "Шоми дӯстӣ" аз тадбирҳои муҳиму хотирмони фарҳангӣ буд, ки дар он Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев самимитарин суханонро дар бораи дӯстию бародарӣ, ҳамсоягӣ, таърихи муносибатҳои хешутабории ду мардум, инчунин кушодани дилҳо, дарҳо, сарҳадҳо ва оғуши гарми якдигар барои идомаи равобити ҳасана баён доштанд.

Барномаи рангину пурмуҳтавои консертии тараннумкунандаи дӯстию бародарии халқҳо бошад, ба мардум муждаи оғози марҳилаи нави муносибатҳои неку бобарорро расонд.

"Маросими гусели меҳмони олимақом  чун расми истиқболи расмӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса бо садои карнаю сурнай, оро додани майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ, аксҳои сарони давлатҳо ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстию ҳамсоягии нек сурат гирифт",- омадааст дар гузориши дафтари матбуотӣ.

Ёдрас мешавем, раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ҳини мулоқот кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо сафари ҷавобӣ ба Тошканд даъват кард.

Мавзуҳо:
Сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон (18)
Барчаспҳо:
сафар, мулоқот, Шавкат Мирзиёев, Эмомалӣ Раҳмон, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ