Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон говорит по телефону, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон говорит по телефону, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Русия Владимир Путин телефонӣ суҳбат кардааст

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Владимир Путинро ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи навбатии президентӣ сидқан табрик гуфта, ба хотири рушду пешрафти Русия дар фаъолияти минбаъдаи давлатиаш дастовардҳои нав ба нав орзу кардааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷмуҳур.

Сарони ду давлат сатҳи имрӯзаи муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатии кишварҳояшонро баланд арзёбӣ намуда, нисбати дурнамои густаришу тавсеаи онҳо дар қолаби шарикии стратегӣ изҳори некбинӣ кардаанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Гуфта мешавад, ки суҳбат дар фазои самимият, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии комил, ки хоси муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия мебошад, сурат гирифт.

Пештар Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин барқияи табрикотӣ ирсол кард.

Лентаи хабарҳо
0