Эмомалӣ Раҳмонро Озода Раҳмон ва Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Ню-Йорк гусел карданд

© Фото : пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин сафар раисҷумҳурро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ба шаҳри Ню-Йорк сафар кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳур.

"Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 21-23-юми март ба Ню-Йорк сафар мекунад. Вай он ҷо дар чорабиниҳои СММ, ки ба Даҳсолаи байналмилалии амали "Об барои рушди устувор" бахшида мешаванд, иштирок хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0