Трамп Путинро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик гуфт

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин и президент США Дональд Трамп, архивное фото
Президент РФ В. Путин и президент США Дональд Трамп, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кишвардорони Русия ва Амрико ҳалли мушкилоти муносиботи ду кишварро баррасӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп кишвардори Русия Владимир Путинро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик гуфтааст, хабар медиҳад равобити умумии Кремл.

Суҳбат бо ибтикори раисҷумҳури Амрико сурат гирифтааст. Трамп ба Путин телефонӣ занг задааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон говорит по телефону, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин

Раҳбарон тарафдори ҳамкориҳои амалӣ дар самти таъмини устувории стратегӣ ва мубориза бо теруризми байнулмилаллӣ шудаанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бахши энержиро баррасӣ кардаанд.

Мавзӯъи бӯҳрони Сурия ва бӯҳрони дохилии Украина ҳам муҳокима шудааст. Дар ин масоил кишвардорон тарафдори ҳалли зудтари бӯҳронҳо шудаанд.

Дар баробари ин, масоили вазъи Куриё низ мавриди таваҷҷӯҳи кишвардорони Русия ва Амрико будааст. Ҷонибҳо мувофиқа кардаанд, ки ин масъала сулҳомез ва бо гуфтугӯ ҳал шавад.

Доналд Трамп ва Владимир Путин ба масъалаи дидор дар сатҳи олӣ диққати вижа додаанд.

Пештар хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп нахостааст ҳамкори русаш Владимир Путинро бо пирӯзӣ табрик гӯяд.

Намояндаи Кохи сафед ба хабаргузории Reuters гуфтааст, ки дар нақшаи кории Доналд Трамп занги телефонӣ ба Владимир Путин набудааст.

Лентаи хабарҳо
0