22:21 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Интихоботи раисҷумҳури Русия

КМИ Русия натоиҷи ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳуриро эълом кард: Путин пирӯз шуд

© Sputnik / Sergey Guneev
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
45 0 0

Кумитаи марказии интихоботи Русия бо эъломи натоиҷи ниҳоии раъйгирӣ Владимир Путинро расман раисҷумҳури ин кишвар эълом кард

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Кумитаи марказии интихоботи Русия натоиҷи ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳуриро эълом кард.

"Бо шумориши ҳама раъйҳо ба ин натиҷа даст ёфтем, ки Владимир Путин бо дарёфти 76,69 дарсад аз раъйҳо дар ин интихобот пирӯз шудааст", — эълом кард Элла Памфилова, раиси Кумитаи марказии интихоботи Русия.

Бино ба гузориши Кумитаи марказии интихобот, ки дар ин раъйгирӣ 67,54 дарсад аз куллии шаҳрвандони дорои ҳаққи раъй ширкат кардаанд ва 56 милюну 430 ҳазору 712 раъйдиҳанда ба Владимир Путин раъй додаанд.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин, акс аз бойгонӣ
© Sputnik / Алексей Никольский

Ин чаҳорумин бор аст, ки Владимир Путин раисҷумҳури Русия интихоб мешавад. Торихи баргузории ойини ёдкарди савгади кишвардорӣ имрӯз эълом карда хоҳад шуд.

Бар асоси ин гузориш, Павел Грудинин, номзади Ҳизби комунисти Русия 11,77 дарсад ва Владимир Жриновский аз Ҳизби либрол-демократи Русия 5,65 дарсад аз раъйҳоро ба даст овардаанд.

Дар ин интихобот, ки 18-уми март дар Русия ва 145 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, ҳашт номзад ба симати раёсати ҷумҳурӣ бо якдигар рақобат доштанд. Бар ин интихобот 1513 нозир аз 115 кишвар назорат доштанд.

Барчаспҳо:
пирӯзӣ, интихобот, Владимир Путин, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ