21:09 21 августи 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.76
  • RUB0.14
Тоҷикистон дар Минск раисии Шӯрои вазирони умури хориҷии ИДМ-ро ба даст гирифт

Тоҷикистон дар Минск раисии Шӯрои вазирони умури хориҷии ИДМ-ро ба даст гирифт

© Дафтари матбуотии ВУХ ҶТ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
106 0 0

Таҳти раисии Тоҷикистон дар Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гашт

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, 6 апрели соли равон вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, иштирок намуд.

Бино бар иттилои манбаъ, дар рафти ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию гуманитариро дар доираи Иттиҳод баррасӣ намуданд. Инчунин, ба таври муфассал оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мубодилаи афкор сурат гирифт.

"Аз ҷумла, масъалаҳои ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар мубориза бо ҷиноятҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, барномаи байнидавлатӣ оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ, таъйин намудани муассисаҳои заминавии давлатҳои аъзои ИДМ барои такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо барои мақомоти тафтишоти андоз ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Оид ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Ёдовар мешавем, пештар хабар дода шуд, ки Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Асловро ба Русия даъват кардааст.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов рӯзҳои 8-9 апрел ба Маскав сафар мекунад. Дар ин бора намояндаи расмии ВУХ Русия Мария Захарова дар рафти нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар додааст.

Сироҷиддин Аслов бо даъвати ҳамтои русаш Сергей Лавров ба Русия меояд, гуфтааст Захарова.

Намояндаи вазорат ҳамчунин афзудааст, дар рафти музокирот ҷонибҳо, "ба масоили амалӣ кардани натиҷаҳои иҷлосияи Тоҷикистону Русия, ки 27 феврали соли гузашта дар Душанбе бо ишора ба соҳаҳои тиҷориву иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ баргузор гардид аҳамияти хоса хоҳанд дод. Ҳамчунин вазирон ҳамкориҳои кишварҳоро  дар ҳошияи ИДМ, СПАД  СҲШ баррасӣ мекунанд".

Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров ва вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин  Аслов вазъи Афғонистон ва мушкилиҳои амниятии минтақавии Осиёи Марказиро низ фаромӯш нахоҳанд кард.

Барчаспҳо:
ВУХ ҶТ, Сироҷиддин Аслов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ