Лавров ва Аслов дар Маскав чиро баррасӣ мекунанд

© Официальная страница МИД РТ в FacebookМИД РТ и РФ подписали программу сотрудничества на 2015 год
МИД РТ и РФ подписали программу сотрудничества на 2015 год - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар дидоре, ки рӯзи душанбе дар Маскав баргузор мешавад, вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Русия муносиботи дуҷониба ва ҳамкориҳои сиёсии байни ду кишварро муҳокима хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 9 апр— Sputnik. Вазирони умури хориҷии Русия ва Тоҷикистон, Сергей Лавров ва Сироҷиддин Аслов рӯзи душанбе дар Маскав дидору мулоқот мекунанд, хабар медиҳад равобити умумии ВУХ Русия.

Чуноне намояндаи расмии ВУХ Русия Мария Захарова иттилоъ додааст, "ҷонибҳо дар ин дидор авзоъи байналмилалӣ, муносиботи дуҷониба ва ҳамкориҳои сиёсиро баррасӣ мекунанд".

Ба гуфти Захарова ҷонибҳо ба натоиҷи нишасти моҳи феврали соли 2017, диққати вижа хоҳанд дод.

"Ҳамчунин ҷонибҳо ҳамкориҳои ду кишварро дар чорчӯби созмонҳои (ИДМ, СПАД ва СҲШ) муҳокима мекунанд. Мо Душанберо чун раҳбари ИДМ дар соли 2018, барои рушди фаъолияти ин созмон, ки ба таҳкими кори созмон ва обрӯйи байналмилалии он таъсир хоҳад дошт, дастгирӣ мекунем",-мегӯянд, намояндагони ВУХ Русия.

Ҳамчунин раҳбарони умури хориҷӣ Лавров ва Аслов авзоъи Афғонистон ва мушкилоти амнияти Осиёи Марказиро баррасӣ хоҳанд кард.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сирҷидидин Аслов бо даъвати ҳамтои русаш Сергей Лавров бо сафари корӣ ду рӯз аз 8 то 9 апрел дар Маскав қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0