Шукурҷон Зуҳуров бо даъвати Валентина Матвиенко ба Петербург рафт

© Sputnik / Григорий СысоевШукурджон Зухуров. Архивное фото
Шукурджон Зухуров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интизор меравад, ки ҳайъати парлумонии Тоҷикистон дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва СПАД, ширкат кунанд

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Ҳайъати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров субҳи имрӯз ба шаҳри Санкт-Петербург сафар кард.

Сафари ҳайъати парлумонии Тоҷикистон ба Русия бо даъвати раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Валентина Матвиенко сурат гирифтааст.

Интизор меравад, ки ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва Ассамблеяи парламумонии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ки рӯзҳои 11 ва 14 марти соли ҷорӣ доир мегарданд, ширкат менамоянд.

Ба ҳайъати парлумонии Тоҷикистон раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Шариф Раҳимзода, Ҷӯрахон Маҷидзода ва Олим Салимзода шомиланд.

Лентаи хабарҳо
0