15:56 23 майи 2018
Пахши мустақим
Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Раҳмон додрасҳои шаҳру навоҳии Суғду Хатлону Бадахшонро барканор кард

пресс служба президента РТ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
79310

Имрӯз бо қарорҳои раисҷумҳури Тоҷикистон чанде аз додрасҳо аз симаташон барканор ва ба вазифаи дигар таъин шуданд

ДУШАНБЕ, 11 апр— Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон додрасҳои чанде аз ноҳияҳои Суғду Хатлону Бадахшонро ҷо ба ҷо кард.

Ҳамин тавр, Абдуҷабборӣ Абдуфаёз Абдуҷаббор раиси додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд таъин гардида, аз вазифаи додраси додгоҳи вилояти Суғд озод шуд.

Аҳрорзода Шуҳрат Аслон раиси додгоҳи ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд таъин гардида, аз вазифаи муовини якуми раиси додгоҳи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд озод гардид.

Бурҳониён Маъруфҷон раиси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин гардида, аз вазифаи муовини якуми раиси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод шуд.

Раҳматзода Тоҷиддин Раҳмат раиси додгоҳи ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардида, аз вазифаи додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ барканор шуд.

Ёқубзода Абдураҳмон Холдор раиси додгоҳи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи муовини якуми раиси додгоҳи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон озод шуд.

Назарзода Рустам Ҳотам раиси додгоҳи шаҳри Леваканти вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи муовини раиси додгоҳи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон барканор шуд.

Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумрон раиси додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи додраси додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе озод шуд.

Раҳимзода Давлатманд додраси додгоҳи вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи раиси додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон барканор шуд.

Собирӣ Раҳим Шокир муовини раиси додгоҳи ноҳияи Ашти вилояти Суғд таъин гардида, аз вазифаи додраси додгоҳи ноҳияи Ашти вилояти Суғд озод шуд.

Мирзозода Манучеҳр Ҳасан додраси додгоҳи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи додраси додгоҳи ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод шуд.

Одиназода Ҳусен Нурулло додраси додгоҳи вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи додраси додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барканор шуд.

Азизи Назрибек раиси додгоҳи иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардида, аз вазифаи додраси додгоҳи вилояти Хатлон барканор шуд.

Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад раиси додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд, Исмоилзода Раҳмоналӣ Анвар муовини раиси додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд, Шоҳиён Муҳаммадсаид Алимардон муовини раиси додгоҳи шаҳри Ҳисор, Раҳимзода Исмоил додраси додгоҳи вилояти Суғд, Назарзода Ховар Нурмуҳаммад додраси додгоҳи вилояти Суғд, Муминзода Ҳусейн додраси додгоҳи шаҳри Душанбе, Иброҳимзода Исроил Исмоил додраси додгоҳи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, Муҳаммадзода Рустам Мухторӣ додраси додгоҳи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таъин грдида, Расулзода Гулнора аз вазифаи додраси додгоҳи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд озод шуд.

Ба ҳамин монанд боз чанде аз додрасҳои ноҳияҳои Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарор ҷо ба ҷо кардааст.

Пештар хабар дода шуд, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар чанде аз ниҳодҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард.

Барчаспҳо:
ҷо ба ҷо кунии додрасҳо, тағйироти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ