05:17 23 июли 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.93
  • RUB0.15
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ

Барқияи таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Алҷазоир

© Болат Шайхинов
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
26 0 0

Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо, бародари гиромӣ, ҳамчунин ба мардуми дӯсти Алҷазоир ҳамдардиву тасаллияти хешро изҳор намуда, ба ҳамаи наздикону пайвандони фавтидагон сабри ҷамил хоҳонам, гуфтааст кишвардор

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир Абдулазиз Бутафлиқа барқияи таслият  ирсол намуд, хабар медиҳад дарфтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

"Хабари суқути ҳавопаймои низомии нақлиётӣ дар шимоли Алҷазоир, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд. Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо, бародари гиромӣ, ҳамчунин ба мардуми дӯсти Алҷазоир ҳамдардиву тасаллияти хешро изҳор намуда, ба ҳамаи наздикону пайвандони фавтидагон сабри ҷамил хоҳонам", —  омадааст дар барқияи раисҷумҳур.

Пештар хабар дода шуд, ки дар Алҷазоир дар пайи суқути ҳавопаймои низомӣ 105 тан ҳалок шуданд. Фоҷиа дар наздикии шаҳри Блид ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳавопаймо пас аз чанд дақиқаи парвоз суқут кардааст.

Аксари мусофирони ҳавопаймое, ки дар Алҷазоир суқут кард низомӣ будаанд. Ҳавопаймо дар ҳудид фурудгоҳ суқут кардааст. Яке аз сабабҳои суқути ҳавопаймо мушкилоти фаннӣ гуфта мешавад.

Барчаспҳо:
изҳори ҳамдардӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Алҷазоир, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ