Хушнудии Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои Илҳом Алиев

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон говорит по телефону, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон говорит по телефону, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз пирӯзии Илҳом Алиев дар интихобот изҳори хушнудӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи табрикӣ ирсол кардааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Дар номаи табрикотии эмомалӣ раҳмон омадааст: "Муҳтарам Илҳом Ҳайдарович. Дар иртибот ба пирӯзии баҳснопазиратон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон бо камоли мамнуният табрикоти самимии худро ба Шумо ирсол медорам.

Мардуми Озарбойҷон бо овоздиҳии худ дар интихобот бори дигар эътимоди олиашро ба сиёсате, ки таҳти роҳбарии Шумо роҳандозӣ гардида, ба шукуфоии бемайлони кишвар ва таҳкими обрӯю эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, нишон дод.

Ба туфайли заҳмату талошҳои бисёрсолаи Шумо Озарбойҷон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии хеш ба комёбиҳои назаррас ноил гардид ва мо аз чунин дастовардҳои дӯстони худ сидқан хушнуд ҳастем.

Итминон дорем, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон бар манфиатҳои ду кишвар дар солҳои оянда низ масири густариши нав касб хоҳад кард. Бо ин мақсад ин ҷониб омода аст, ки дар якҷоягӣ бо Шумо тамоми талошҳои заруриро ба харҷ диҳад.

Ба Шумо, муҳтарам Илҳом Ҳайдарович, сиҳатмандӣ, бахту иқбол, дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои минбаъда ва дастовардҳои навинро бар нафъи мардуми дӯсти Озарбойҷон орзумандам".

Лентаи хабарҳо
0