04:59 23 июли 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.93
  • RUB0.15
Раисҷумҳур ва раиси шаҳри Душанбе, акс аз бойгонӣ

Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонии эстакада дар маҳаллаи 82 шинос шуд

© Пресс-служба президента Республики Таджикистан
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
185 0 0

Лоиҳаи сохтмони эстакада дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ мегардад

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба маҳаллаи 82-юми пойтахт рафта, бо рафти корҳои сохтмонии эстакада дар ин мавзеъ шинос шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Тавре маълум гардид, корҳои асосии сохтмонӣ дар иншооти мазкур ба итмом расида, айни ҳол мумфаршкунии қитъаҳои алоҳидаи роҳ, сохтмони истгоҳҳои наву замонавӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳои пиёдагард ва ободонии атроф бомаром идома дорад.

Бояд тазаккур дод, ки сохтмони иншооти мазкур бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 оғоз ёфта буд.  Мутобиқи лоиҳа, сохтмони ин иншоот бояд 1-уми сентябри соли ҷорӣ, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ пурра анҷом дода шавад.

Тарҳи мазкур дар доираи лоиҳаи "Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе" амалӣ гашта, иқдоми мазкур имконият медиҳад, ки минбаъд ҳаракати нақлиёт дар ин масир бемамоният ба роҳ монда шавад.

Чорсӯи нав аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратулло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дуюми чорроҳа, роҳи давродаврие бунёд гардида, дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб як пул бо дарозии 125 метр сохта шудааст. Ҳамчунин дар доираи лоиҳаи мазкур 4 роҳи зеризаминӣ низ бунёд ёфтаанд, ки феълан таъмиру муҷаҳҳазсозии онҳо бо системаи рӯшноидиҳӣ бомаром идома дорад.

"Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ муосиртарин техникаи соҳавӣ ҷалб гардида, назорати сифати сохтмон аз ҷониби коршиносони байналмилаливу дохилӣ ба таври доимӣ ба роҳ монда шудааст. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ наздик ба 170 нафар ҷалб гардидаанд, ки 150 нафари онҳоро мутахассисони маҳаллӣ ташкил дода, феълан бо маоши хубу саривақтӣ таъминанд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Лоиҳаи сохтмони эстакада дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ мегардад.

Қобили зикр аст, ки амалишавии тарҳи мазкур ба ҳаракати бемамонияти нақлиёти транзитӣ, ҷамъиятӣ ва боркашонӣ мусоидат карда, ҳамчунин рафтуои бехатари пиёдагардонро дар ин қитъа таъмин менамояд ва чунин роҳи чандқабата бори аввал дар Тоҷикистон сохта мешавад.

Манбаъ меафзояд, дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи 2-юми лоиҳаи "Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе" оғоз бахшиданд.

Тавре маълум шуд, дар марҳилаи навбатӣ аз муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе роҳи мошингард пурра навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Барчаспҳо:
роҳ, Рустам Эмомалӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ