07:51 27 апрели 2018
Пахши мустақим
Вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммад Джавад Зариф. Акс аз бойгонӣ

Чаро вазири умури хориҷии Эрон ба Тоҷикистон сафар мекунад

© AP / Vahid Salemi
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
9810

Вазири умури хориҷии Эрон барои ширкат дар 23-юмин нишасти Шурои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ба Тоҷикистон сафар мекунад

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Фардо, 17 апрел дар пойтахти Тоҷикистон 23-юмин нишасти Шурои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор мешавад.

Ҳайъате баландпоя аз Вазорати умури хориҷии Эрон ба раҳбарии Муҳаммадҷавод Зариф барои ширкат дар ин иҷлосия имрӯз ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард, иттилоъ медиҳад дафтари иттилоърасонии ВУХ Эрон.

Гуфта мешавад, ки Муҳаммадҷавод Зариф дар ин сафар ҳамчунин бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон дидор карда ва роҳу чораҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ хоҳад кард.

Пештар Дафтари иттилоърасонии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон эълом карда буд, ки 17 апрел дар шаҳри Душанбе бо ширкати вазирон ва муовинони вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ Иҷлосияи 23-юми Шурои вазирони умури хориҷии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор мегардад.

Қарор аст дар ин Иҷлосия раванди иҷрои созишномаҳои СҲИ, ки миёни кишварҳои узв ба имзо расидаанд, равобити Дабирхонаи СҲИ бо созмонҳои байналмилалӣ, раванди иҷрои барномаҳо ва тарҳҳои СҲИ, фаъолияти муассисаҳо ва ниҳодҳои СҲИ, пешрафту арзёбии иҷрои ҳадафу вазифаҳое, ки аз санади "Диди СҲИ 2025" бармеоянд, тасвиби Барномаи нави СҲИ барои мусоидат ба Афғонистон ва ҳамчунин масъалаҳои идорӣ ва молии Созмон баррасӣ шаванд.

Имрӯз пеш аз оғози Иҷлосияи Шурои Вазирон мулоқоти кормандони аршади кишварҳои узв баргузор мешавад.

Ҳамчунин, дар чорчӯби "Соли рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон", дар ҳошияи ин Иҷлосия 16 – 17 апрел дар "Боғи Ирам" Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии кишварҳои узви СҲИ баргузор мегардад.

Барчаспҳо:
сафар, Муҳаммад Ҷавоб Зариф, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ