Путин ва Мирзиёев дар чӣ бора суҳбат карданд?

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков нагуфт, ки Владимир Путин бо Шавкат Мирзиёев дар чӣ бора суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи ҷумъа бо кишвардори Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо телефон суҳбат кард, хабар медиҳад сухангӯи Путин, Дмитрий Песков.

"Раисҷумҳур дар Ново-Огарево кор мекунад. Ин рӯзҳо кори раисҷумҳур дар дохил аст. Имрӯз ҳам дидорҳои дохилии гуногун ва суҳбатҳои телефонӣ баргузор шуд. Каме пеш Владимир Путин бо Шавкат Мирзиёев суҳбат кард", — гуфт Песков ба рӯзноманигорон.

Ба гуфти ӯ шоми рӯзи ҷумъа як суҳбати дигари телефонӣ дар нақша ҳаст.

"Мо дар бораи он хоҳем гуфт", — илова кард ӯ.

Лентаи хабарҳо
0