Тағйироти кадрӣ: Аҳмадзода мудири шуъбаи рушди сайёҳиро таъйин кард

© Пресс-служба президента РТПредседатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото
Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тағйироти кадрӣ амалӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Бо қарори раиси вилояти Суғд аз 16 апрели соли 2018 Абдумаҷид Раҳимов мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъйин гардидааст, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилоят.

Абдумаҷид Раҳимов соли 1984 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Раҳимов соли 2008 филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси технолог хатм кардааст.

Солҳои 2008 – 2009 дар вазифаи мутахассиси бахши ташкилии Раёсати кишоварзии вилоят фаъолият кардааст.

Аз соли 2009 то соли 2018 дар вазифаҳои мутахассиси пешбар ва сармутахассиси шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят кор кардааст.

Пештар хабар дода шуд, ки Мирзоқосим Каримзода сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд таъйин гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0