Дипломатҳои тоҷик дар Озарбойҷон ройгон таҳсил хоҳанд кард

© Sputnik / Сергей Субботин / Гузариш ба медиабонкПортфели
Портфели - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба омоданамоӣ ва бозомӯзии дипломатҳои тоҷик созишнома имзо кардаанд

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар бинои Академияи дипломатии (ADA)  ВУХ Озарбойҷон маросими баимзорасонии "Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон" сурат гирифт.

Созишномаи мазкурро сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солӣ имзо кардааст.

"Бар асоси ин созишнома, ҷониби Озарбойҷон ҳар сол барои шаҳрвандони Тоҷикистон 5 бурсия барои омӯзиш дар Академияи дипломатии Озарбойҷон (ADA), инчунин 6 бурсия барои такмили ихтисоси дипломатҳои тоҷик ҷудо менамояд",-омадааст дар хабарнома.

© Фото : Аз ВУХБаимзорасонии созишнома оид ба омоданамоӣ ва бозомӯзии дипломатҳои тоҷик
Баимзорасонии созишнома оид ба омоданамоӣ ва бозомӯзии дипломатҳои тоҷик - Sputnik Тоҷикистон
Баимзорасонии созишнома оид ба омоданамоӣ ва бозомӯзии дипломатҳои тоҷик

Ҳамзамон мулоқоти сафир бо муовини вазири корҳои хориҷӣ — Ректори Академияи дипломатӣ Ҳафиз Пашаев доир гардидааст. Дар ин мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷонро барасӣ кардаанд.

Ҳамзамон, дар Академияи мазкур гушаи Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, дар он китобҳои Эмомалӣ Раҳмон, асарҳои илмӣ-таърихӣ бахшида ба фаъолияти пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон, инчунин китобҳо дар бораи дастовардҳои ҷумҳурӣ дар солҳои истиқлолият, таърих ва фарҳанги Тоҷикистон ҷой дода шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0