12:59 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
75 0 0

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов намояндаи нави Созмони озуқавории СММ-ро ба ҳузур пазируфт

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Намояндаи нави Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев таъйин шуд, хабар медиҳад равобити умумии Вазорати корҳои хориҷии кишвар.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 8 май вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов намояндаи тозатаъйини Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) дар Тоҷикистон ҷаноби Олег Гучгелдиевро ба ҳузур пазируфтааст.

Вазири корҳои хориҷӣ Гучгелдиевро барои таъйин гардиданаш ба мақоми мазкур табрик гуфта, барои иҷрои вазифаи пурмасъулаш барору комёбӣ таманно кардааст.

Намояндаи нави Созмони озуқавории СММ дар Тоҷикистон таъйин шуд
© Фото : Аз ВУХ
Намояндаи нави Созмони озуқавории СММ дар Тоҷикистон таъйин шуд

Дар мулоқот тарафҳо ҳамкориҳои Тоҷикистону FAO, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзиро баррасӣ кардаанд.

Барчаспҳо:
дидору мулоқот, намояндаи нав, СММ, ВУХ-и Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов, Олег Гучгелдиев, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ