Вакилони тоҷик тарҳи чандин қонунҳоро баррасӣ карданд

© SputnikПарламент Таджикистана. Архивное фото
Парламент Таджикистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудааст

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Ин ҷаласа рӯзи 21 май таҳти раҳбарии раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор шудааст.

Дар кори ҷаласа вакилони тоҷик, тарҳҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон", "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ", "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ кардаанд.

Ҳамчунин лоиҳаи аъзои Шӯро қонунҳо "Дар бораи даъват намудани ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум", ки рӯзи 25 май баргузор мегардад ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум" қарори дахлдор қабул намудаанд.

Женские руки с гаджетами - Sputnik Тоҷикистон
Навбати парлумон: маҷлиси Тоҷикистон ҳам барои мардум тамоси мустақим фаъол кард

Пештар хабар дода шуд, ки парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум Созишномаи қарзӣ байни Тоҷикистон ва Бунёди кувайтии рушди иқтисоди Араб оид ба лоиҳаи "Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаи Кӯлоб-Шӯрообод ва қитъаи Шкев-Қалъаихумб" тасдиқ кардааст.

Ҳадафи тарҳи мазкур идома додани сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Қаълаихумб будааст.

Маблағи умумии сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Қаълахумб дар умум 115 млн. доллари ИМА-ро дар бар мегирад, ки аз ин ҳисоб 10 млн. доллар ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Лентаи хабарҳо
0