01:19 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
57810

Сафири Эрон дар Тоҷикистон ба баёнияи Шӯрои уламои Тоҷикистон дар мавриди иддаои ҳимояти Эрон аз ҳизби наҳзати исломӣ посух дод

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Сафири Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ ба баёнияи Шӯрои уламои Тоҷикистон дар мавриди иддаои ҳимояти Эрон аз ҲНИТ (мамнуъ дар Тоҷикистон) посух додааст.

Ба иттилои хабаргузории "Парс тудэй", дар истинод ба радиои тоҷикии Садои Хуросон, сафир гуфтааст, "бояд дағдағаи аввали Шӯрои уламо манофеи ислом ва мусалмонон бошад".

"Инҷониб нашунидаам, ки Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфта бошад, ки режими ғосиби Исроил, ки асоси вуҷудаш бар ғасби сарзаминҳои миллати мазлуми Фаластин бино шуда, шоистаи дӯстӣ нест ва ё сухане дар тақбеҳи иқдомоти ахир ва зидди ҷаҳони исломи Амрико гуфта бошад",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ афзудааст, агар Шӯрои уламои Тоҷикистон мавзее дар ин бораҳо дошта ва ман нашунидаам, лутфан касе огоҳам кунад.

Чанд рӯз пеш, Шӯрои уламои Тоҷикистон бо нашри баёнияе дар равобити умумии Кумитаи дин, Эронро дӯсти дурӯя хонда ба ноором кардани вазъи дохилии Тоҷикистон муттаҳам кард.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш мардуми Душанбе дар назди сафорати Эрон тазоҳурот карданд. Вале ҷониби Эрон ба ин гирдиҳамоӣ вокунише нишон надод.

Барчаспҳо:
иттиҳом, баёния, Шӯрои уламо, ҲНИТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ