17:03 27 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
8201

Роҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз нахуствазири Русия Дмитрий Медведев тақозо карда аст, ки шумораи муаллимони забони русие, ки ба Тоҷикистон фиристода мешаванд, зиёд карда шавад

ДУШАНБЕ, 31 мая — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз нахуствазири Русия Дмитрий Медведев хостоаст, шумораи омӯзгорони забони русӣ дар Тоҷикистон зиёд шавад.

Бино бар иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон зимни баррасии ба нахуствазири Русия таъкид кардааст, ки раванди дар Тоҷикистон бунёд намудани панҷ мактаби таълимӣ ба забони русӣ аз тарафи Русия амали шавад тезонида шавад.

Ҳамчунин раисҷумҳур хостааст, кишвар ба Тоҷикистон муаллимони забони русиро бештар фиристад.

"Зимни мулоқот таваҷҷуҳ ба масъалаи фароҳам овардани шароитҳои мусоиди фаро гирифтани шаҳрвандони Тоҷикистон ба таълим бо забони русӣ, бахусус ҷалби ҷавонони тоҷик ба донишгоҳҳои Россия ва афзоиш додани шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо забони русӣ дар Тоҷикистон, равона карда шуд" — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳамчунин таъкид карданд, ки минбаъд дар ин самт бояд тадбирҳои муштараку самаранок андешида шавад. 

Лозим ба ёдоварист, ки қаблан роҳбари ожонси "Россотрудничества" Элеонора Митрофанова хабар дод, ки имсол Русия ба Тоҷикистон чанд омӯзгори дигар равон хоҳад кард.

Ба гуфтаи вай, дар кишварҳои ҳамсуд ба хусус Тоҷикистон, талабот ба омӯзгори забони русӣ зиёд аст. Русия барои соли хониши 2018-2019 ба Тоҷикистон 30 омӯзгори дигар равон мекунад.

Барчаспҳо:
забони русӣ, омӯзгор, таълим, Дмитрий Медведев, Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ