00:56 12 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.74
  • RUB0.14
раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Ҳазрати Исо ташбеҳ доданд

© Пресс-служба президента Республики Таджикистан
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
45104

Ато Мирхоҷа-муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шеъри наваш раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Ҳазрати Исо ташбеҳ додааст

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Ато Мирхоҷа-муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар шеъри наваш "Достони Нуристон" ба исои Масеҳ ташбеҳ додааст.

Тавре худи шоир дар саҳифаи фейсбукиаш хабар медиҳад, "Достони Нуристон" моҳи март таълиф гардида, сараввал дар маҷаллаи адабии "Садои Шарқ" мунташир гаштааст.

Ахирон 2 июн Ато Мирхоҷа достони навашро дар саҳифаи фейсбукиаш мунташир кард.

Як банди вижаи достон бо номи "Тавлиди нури Эмомалӣ Раҳмон" оғоз мешавад, ки Ато Мирхоҷа дар ин банд бо такя ба ин ки модари президенти кунунии Тоҷикистон Марям ном дошт, таваллуди ӯро ба таваллуди Исои Масеҳи ҷадид шабоҳат медиҳад:

Дили ин Марями бузургтабор
Мазҳари офтоби Раҳмон шуд,
Модари покдомане, ки сипас
Моми Доҳии Тоҷикистон шуд.

Ҳеҷ кас он замон намедонист,
Ки чиҳил сол пеш ҳамчу валӣ
Марям Исии нав таваллуд кард,
Номи некаш ниҳод Эмом Алӣ!

 Ато Мирхоҷа дар идомаи достон Эмомалӣ Раҳмонро "Алии олами қудс" меномад:

 Ин ҷавон чун Алии олами қудс

Бо футувват ба доди халқ расид.
Гард-гард арчи Тоҷикистон шуд,
Ояд аз гард шаҳсувор падид!

Ба навиштаи шоир, Эмомалӣ Раҳмон вақте соли 1992 дар Қасри Арбоб ба раёсати кишвар расид, "озарахши фари Эмом Алӣ мисли офтобе ҳама ҷоро мунаввар сохт:

Озарахши фари Эмом Алӣ
Бидурахшид дар самои Хуҷанд.
Қасри Арбобро мунаввар сохт,
Офтобе шуду бигашт баланд.

Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз соли 1994 Тоҷикистон сарварӣ мекунад. Ӯ замоне ба сари қудрат омад, Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ мубтало шуда буд.

Ба гуфтаи бештари коршиносон, нақши раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳи тоҷикон калидӣ аст.

Аз моҳи декабри соли 2015 Раҳмон ба унвони расмии Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат соҳиб шуд.

Барчаспҳо:
достон, Исои Масеҳ, Ато Мирхоҷа, Эмомали Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ