Эътимоди мардуми Узбакистон ба Шавкат Мирзиёев зиёд шудааст

© Пресс-служба президента УзбекистанаВ Нарынском районе состоялось собрание актива
В Нарынском районе состоялось собрание актива - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар 12 вилояти Узбакистон, худмухтори Қароқалпакистон ва шаҳри Тошканд назарсанҷӣ гузаронида шуд. Дар он 1,1 ҳазор нафар иштирок карданд

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев 94.1 дар сади боварии мардуми кишварашро ба даст овардааст, иттилоъ дод рӯзи панҷшанбе маркази омӯзиши "Фикри иҷтимоӣ" ("Ижтимойи фикр").

"Мониторинги назарсанҷӣ нишон дод, ки раддабандии эътимод ба раисиҷумҳури кишвар аз 93,1 фисад октябри соли 2017 то ба 94,1фисади соли 2018 афзоиш ёфтааст", — дарҷ гардидааст дар изҳороти матбуотии "Фикри иҷтимоӣ".

Мувофиқи натиҷаҳои мониторинги шабеҳ аз моҳи июни соли гузашта, ба Мирзиёев 92,4дар сади иштирокчиёни тадқиқот боварӣ доштанд.

Мутобиқи пурсиш, 92,5 дар сади посухгӯяндагон боварӣ доранд, ки сиёсатеро, ки раисиҷумҳури кишвар роҳандозӣ мекунад, умед ва интизориҳои аҳолиро ба пуррагӣ қонеъ мегардонад. Соли 2017 ин нишондод 90,2 дарсад буд.

Байни посухдиҳандагон, 92,2 дар сад иштирокчиён (90,7 дар сад соли қабл) сиёсати беруна, тадбирҳо оид ба пешбурди манфиатҳои кишвар дар арсаи байналмилалиро, пурра дастгирӣ мекунанд.

"Шаҳрвандон дар ҷавобҳояшон самаранокии ташаббусҳои расмии раисиҷумҳури кишвар ва вохӯриҳои ӯ бо роҳбарони давлатҳоро қайд мекунанд", — гузориш медиҳад маркади "Фикри иҷтимоӣ".

Аз ҷумла, мусоҳибон эътиқодманданд, ки музокирот дар сатҳи олӣ ба афзоиши рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мусоидат мекунад.

Назарсанҷӣ дар 12 вилояти Узбакистон, худмухтори Қароқалпакистон ва Тошканд гузаронида шуд. Дар он 1,1 ҳазор нафар иштирок карданд, ки аз он 49,1дар сад — мардон, 50,9 дар сад — занон, 51 дар сад — шаҳрвандон ва 49 дар сад — сокинони деҳот мебошанд. Дар тадқиқот намояндагони синну соли гуногуни аз 18 сола боло раъйпурсӣ шуданд.

Лентаи хабарҳо
0