19:49 19 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.10
  • EUR10.50
  • RUB0.14
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Раҳмон бо роҳбарияти ширкатҳои бузурги чинӣ мулоқот кард

© Sputnik / Михаил Климентьев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
60 0 0

Зимни суҳбат бо роҳбари Ширкати "Чайна глобал" Хуанг Ҷийен Ронг масъалаи таҳкиму густариши ҳамкорӣ, ҷалби ҳар чи бештари сармояи чинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ бо истифода аз фазои мусоиди сармоягузорӣ муҳокима карда шуд

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи сафари корӣ дар Чин бо роҳбарияти ширкати бузурги чинӣ мулоқот кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

11 июн дар доираи сафари корӣ дар музофоти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин раисҷуҳури Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони як қатор ширкатҳои бонуфузи Чинро, ки бо ворид кардани сармоя, таъсиси корхонаҳои муштарак дар пешрафти иқтисодиёти кишвари мо саҳм мегузоранд, мулоқот кард, менависад манбаъ.

Зимни суҳбат бо роҳбари Ширкати "Чайна глобал" Хуанг Ҷийен Ронг масъалаи таҳкиму густариши ҳамкорӣ, ҷалби ҳар чи бештари сармояи чинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ бо истифода аз фазои мусоиди сармоягузорӣ муҳокима карда шуд.

"Дар кишвари мо барои ривоҷ додани соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ, ҷалб намудани сармояи хориҷӣ, технологияҳои нави истеҳсолӣ, ба кор даровардани иқтидорҳои нави саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъмини сокинони маҳаллӣ бо кор, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, равнақ додани инфрасохтори минтақаҳои саноатӣ ва зиёд намудани маҳсулоти саноатии содиротшаванда имкониятҳои фарох мавҷуд аст", — таъкид доштааст раисҷумҳур.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар дигар бахшҳои иқтисодию сармоягузорӣ гуфтугуи судманд сурат гирифт.

Пештар хабар дода шуд, ки кишвардори Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Чин сафар кард.

Дар ҳошияи нишаст раисҷумҳур бо президенти Русия, Қирғизистон, Афғонистон ва Узбакистону Чин масоили рушди ҳамкориҳои икшварҳоро баррасӣ кард.

Барчаспҳо:
мулоқот, Эмомалӣ Раҳмон, Чин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ