23:00 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Раҳмон: мо бо ҳизби терористиву экстремистии наҳзат ягон ҳуҷҷат имзо накардаем

© Sputnik Амир Исаев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
208 0 0

"Сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи мардуми сулҳпарвари мо, яъне хизмати таърихии халқи қаҳрамони тоҷик мебошад", - афзуд раисҷумҳур

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як баромади ахири худ дар шаҳри Конибодом гуфт, "мо бо ҳизби терористиву экстремистии наҳзат ягон ҳуҷҷат имзо накардаем".

Президент зимни суханронӣ ба  ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом афзуд, ки " Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро рӯзи 27 июни соли 1997 бо Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик имзо кард".

"Мо ҳеҷ вақт бо ҳизби терористиву экстремистии наҳзат ягон ҳуҷҷат имзо накардаем. Ин нуктаи муҳимро тамоми мардуми тоҷик бояд донанд. Ман дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоям ва имрӯз низ бо эътимоди комил иброз медорам, ки "сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи мардуми сулҳпарвари мо, яъне хизмати таърихии халқи қаҳрамони тоҷик мебошад", — таъкид дошт кишвардор.

Ҳар яки мо, яъне насле, ки ҳамаи даҳшату маҳрумиятҳои он айёми пурфоҷиаро аз сар гузаронидаем, бояд амоми донишу таҷриба ва саъю талоши худро барои таҳкими сулҳу субот ва устувории пояҳои давлатдории миллиамон сафарбар намоем, афзуд ӯ.

Ёдрас мешавем, 27 июн  яке аз ҷашнҳои аслии давлатии Тоҷикистон — Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад.
Дар сартосари Тоҷикистон маросиму тадобир ба муносибати ин ҷашн барпо мешавад. Имсол ҷашни аслӣ дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бо ҳузури  Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар баргузор гардид.

Эмомалӣ  Раҳмон тайи чанд рӯзи охир бо сафари корӣ дар ин устон аст, бо ширкати ӯ сохтмонҳои нав ба баҳрабардорӣ мерасад.

Соли 1997  дар Маскав тавофуқномаи умумӣ дар бораи сулҳу оштии миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида буд.

Рӯзи ваҳдати миллӣ яке аз ҷаншҳои расмии Тоҷикистон мебошад. Ин ҷашн бар мувофиқи Фармони раисҷумҳури ҶТ таъин шудааст ва рӯзи 22 майи соли 1998 дар Қонуни "Дар бораи рӯзҳои таҷлилӣ" сабт шудааст.

Барчаспҳо:
Ваҳдати миллӣ, ҷашн, ҲНИТ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ