03:47 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ, акс аз бойгонӣ

Даъвати ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ: ноиби нави Убайдуллоев интихоб мешавад

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
322 0 0

Интизор меравад, ки Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ба ҷои Абдураҳмон Қодирӣ ба узвияти Маҷлиси Миллӣ пазируфта шавад

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ, 2 август дар Душанбе иҷлосияи шонздаҳуми палатаи болоии парлумони мамлакатро даъват кардааст.

Тибқи иттилоияи дафтари матбуоти Маҷлиси Миллӣ, дар ҷаласа тағйирот ба қонунҳо "Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи  ҳифзи маълумоти шахсӣ", "Дар бораи дурнамоҳои  давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди  иҷтимою иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи муҳоҷират" ва дигар масъалаҳои муҳими марбут ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат баррасӣ хоҳанд шуд.

Инчунин дар назар аст, ки зимни ҷаласа муовини нави раиси Маҷлиси Миллӣ интихоб гардад. Интизор меравад, ки ба ин мақом Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд интихоб гардад, ки ахиран ба ҷои Абдураҳмон Қодирӣ ба узвияти Маҷлиси Миллӣ пешбарӣ шуд.

Қаблан хабар дода шуд, ки Абдураҳмон Қодирӣ, раиси пешини вилояти Суғд бо ихтиёри худ аз узвияти Маҷлиси Олии кишвар даст кашид.

Барчаспҳо:
Маҷлиси Миллӣ, Раҷаббой Аҳммадзода, Абдураҳмон Қодирӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ