13:43 21 августи 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.75
  • RUB0.14
Эмомалӣ Раҳмон ва Октай Асадов

Эмомалӣ Раҳмон раиси Маҷлиси миллии Озарбойҷонро ба Тоҷикистон даъват кард

© Пресс-служба президента Республики Таджикистан
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
48 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Октай Асадов, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон густариши ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон аз рушди робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон дар доираи фаъолияти Гуруҳи дӯстии байнипарлумонӣ изҳори қаноатмандӣ кард.

Раисиҷумҳур истифодаи таҷрибаи бойи парламентаризми Озарбойҷонро барои таҳкими ҳамкорӣ зарур хондааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, зимни мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки алоқаи минбаъдаи байнипарлумонӣ метавонад ҳамчун омили муҳими таҳкимбахши муносибатҳои ду кишвар гардад.

Ҷонибҳо ҳамчунин истифодаи заминаи меъёрию ҳуқуқии равобити дуҷонибаро, ки аз санадҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнисоҳавии сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ иборат аст, барои таъмини ҳамкорӣ зарур шумурдаанд.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон аз Октай Асадов даъват кардааст, ки дар вақти барояш муносиб ба Тоҷикистон ташриф орад.

Барчаспҳо:
густариши муносибатҳо, ҳамкорӣ, парлумон, Тоҷикистон-Озарбойҷон

Мавзӯъҳои асосӣ