Гуфтушунид дар Тошканд: Мирзиёев гуфт, эътимоди сиёсӣ мушкилоти чандсоларо ҳал кард

© © Пресс-служба президента УзбекистанаВстреча Эмомали Рахмона с Президентом Республики Узбекистан Шавкатом Мирзиёевым
Встреча Эмомали Рахмона с Президентом Республики Узбекистан Шавкатом Мирзиёевым - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои узбакистонияш Шавкат Мирзиёев дар бустонсарои Куксарой дар ҳайати маҳдуд ва сипас дар ҳайати васеъ гуфтушунид анҷом дод

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Узбакистон, Шавкат Мирзиёв дар хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, эътимоди сиёсии мо имкон дод, ки мушкилоти чандинсола дар як муддати кӯтоҳ ҳал шаванд.

"Мо сафари Шуморо ҳамчун рӯйдоди муҳими сиёсӣ дар муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон медонем. Он шаҳодат медиҳад, ки ҳар ду ҷониб қотеона хоҳони густариши ҳамкориҳо, дӯстӣ ва ҳамсоядорӣ бо назардошти манофеи тарафайн мебошанд.  Имрӯз пеши мо имконоти васеъ кушода шудаанд. Мо мехоҳем, ки сафари шумо воқеан таърихӣ шавад ва созишномаҳое, ки мебандем солиёни зиёд ба мардуми ду кишвар хидмат кунанд", —изҳор дошт Мирзиёев дар хитоб ба Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ боздиди Мирзиёевро аз Тоҷикистон дар моҳи марти соли равон зикр карда, таъкид намудааст, ки он такони бузург барои ҳамкориҳои ду кишвар шуд.

Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон
Салом ва сӯҳбати самимии Раҳмон ва Мирзиёев: навори пешвози раисҷумҳур дар Тошканд (НАВОР)

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз сиёсати Мирзиёев тавсиф карда, ки боиси афзоиши обрӯи Узбакистон дар арсаи ҷаҳонӣ гардидааст.

"Ба шарофати сиёсати Шумо нуфузу эътибори  Узбакистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боло рафт. Дар кишвари мо ҳам дар ҳаёти мардум тағйироти бузург рух додаанд. Фикр мекунам, сафари давлатии ман барои халқи ду кишвар бисёр муҳим аст", —изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Узбакистон афзуд, ки дар гуфтушуниди ҷонибҳо ҳамкориҳо дар бахши сиёсӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сайёҳӣ ва масоили дигар баррасӣ гардиданд. Манбаъ иттилоъ дод, ки ҷонибҳо барои ҳамкории бештари минтақаҳои ду кишвар, ҳамкории корхонаҳои бузург, соҳибкорон ва фарҳангиён созиш кардаанд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайъати калони расмӣ ба Узбакистон рафт

Сарони ду кишвар инчунин дар робита ба масоили мубрами байналмилалӣ табодули афкор кардаанд.

Дар пайи гуфтушуниди Куксарой мулоқоти ҳайати васеи ду кишвар оғоз гардид, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ мавзӯи меҳварии он мебошад.

Зимни ин ҳамоиш зикр гардид, ки аз оғози соли 2018 миёни ҳайати ду кишвар 50 мулоқоти сатҳи гуногун баргузор гардиданд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Узбакистон иттилоъ дод, тайи нимсолаи аввали соли равон додугирифт нисбати ҳамин давраи соли гузашта 35 дарсад афзоиш ёфт. Манбаъ афзуд, ки инчунин тайи шаш моҳ ҷонибҳо ба маблағи 300 миллион доллар созишномаҳои тиҷоратӣ бастаанд.

Шавкат Мирзиёев изҳор доштааст, ки ҳанӯз имконоти зиёди ду кишвар истифода нашудаанд ва бояд ҳамкориҳо бо сураъати феълӣ густариш ёбанд.

"Ба зудӣ бо додугирифти мол миёни ду кишварро ба ҳадди 500 миллион доллар мерасонем, аммо зарфияту имкониятҳои ду кишвар ҳадди ақал ба 1 миллиард доллари амрикоӣ баробаранд", —таъкид намудааст Мирзиёев.

Лентаи хабарҳо
0