10:35 24 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
31900

Боздиди Эмомалӣ Раҳмонро аз маҷмааи ёдгории Ислом Каримов дар Узбакистон таҷассумгари эҳтиром ба халқи ҷумҳурӣ номиданд

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев аз Маҷмааи ёдгории Ислом Каримов дар Самарқанд дидан намуданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Узбакистон.

"Онҳо ба қабри Ислом Каримов гул гузошта, аз Қуръон сураҳо тиловат карданд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Тавре хабар дода мешавад, маҷмааи Ислом Каримовро ҳамарӯза ҳазорҳо меҳмонони хориҷӣ зиёрат мекунанд, ки дар байни онҳо тоҷикистониён кам нестанд.

"Бузургдошти хотири Ислом Каримов аз ҷониби президенти Тоҷикистон таҷассумгари эҳтироми раисҷумҳур ба миллати мост. Эмомалӣ Раҳмон дар маросмии видоъ бо Ислом Каримов низ шахсан иштирок карда буд", — қайд кард мешавад дар иттилои манбаъ.

Ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар бораи корҳои созандагӣ дар маҷмаа иттилоъ доданд.

Пештар раисҷумҳур бо раиси Маҷлиси Олии Узбакистон Нуриддин Исмоилов ва нахуствазири кившар Абдулло Орипов мулоқот карда буд.

Барчаспҳо:
хотира, гиромидошт, Ислом Каримов, Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ