20:10 16 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Шодбошии Раҳмон ба Имрон Хон, "ситора"-и варзиш, ки сарвазир шуд

© Пресс-служба президента Республики Таджикистан
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
842 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Имрон Хон, сарвазири тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон паёми шодбошӣ фиристодааст

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба Имрон Хон изҳори боварӣ кардааст, ки дар давраи фаъолияти ӯ, муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои судманду гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон таҳким хоҳанд ёфт.

"Мо аз раванди рушди бемайлони робитаҳои ҳасанаи байни  кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ менамоем ва ҳамеша алоқаманди боз ҳам ғанитар  гардонидани мазмуну мундариҷаи онҳо бо иқдомоти нави амалии ҳамкорӣ  ҳастем. Зимнан  омодагии хешро барои саъю талошҳои минбаъда дар ин ҷода иброз медорам", —изҳор доштаст раисиҷумҳур. 

Эмомалӣ Раҳмон ба Имрон Хон саломатии комилу саодат ва дар роҳи таъмини рифоҳу шукуфоии ҷомеаи Покистон комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми бародари кишвари Покистон сулҳу субот ва пешрафти рӯзафзун орзу намудаст.

Имрон Хони 65-сола, собиқ капитани дастаи мунтахаби крикети Покистон ахиран сарвазири ин кишвар интихоб гардид.  Ӯ соли 1952 дар хонаводаи пуштун дар минтақаи Панҷоб, Покистони шимолӣ таваллуд шудааст.  Хатмкардаи донишгоҳи Оксфорд ва яке аз ситораҳои варзиши Покистон мебошад, ки тайи 22 соли охир ба фаъолияти сиёсӣ машғул шудааст.

Барчаспҳо:
табрикот, шодбошӣ, Имрон Хон, сарвазир, Покистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ