Тоҷикистон бо як кишвари дигар равобити дипломатӣ роҳандозӣ кард

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкРукопожатие, архивное фото
Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҳмадамин Маҳмадаминов ва Муҳаммад Соилиҳӣ Соилиҳ, намояндагони доимии ҶТ ва Ҷазоири Комор ин санадро ба имзо расонданд.

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Тоҷикистон бо як кишввари дигари ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, Тоҷикистон ва Иттиҳоди Ҷазоири Комор равобити дипломатӣ роҳандозӣ кардааст.

"Рӯзи 17 август дар Нюйорк маросими имзо кардани Баёнияи муштарак дар мавриди роҳандозии равобити дипломатик дар миёни ду кишвар барпо шуд. Маҳмадамин Маҳмадаминов ва Муҳаммад Соилиҳӣ Соилиҳ, намояндагони доимии ҶТ ва Ҷазоири Комор ин санадро ба имзо расонданд", — омадааст дар иттилои манбаъ.

Министр энергетики Ирана - Sputnik Тоҷикистон
Эрону Тоҷикистон вазъияти равобити дуҷонибаро баррасӣ намуданд

Ҷазоири Комор дар уқёнуси Ҳинд, дар миёни Мадагаскар ва Африка ҷойгир аст.

Пештар дар моҳи июн дар Нюйорк маросми имзо кардани баёнияи муштарак дар бораи роҳандозии равобити дипломатик дар миёни Тоҷикистон ва Федерасиюни Сент Китс ва Невис барпо шуда буд.

Маҳмадамин Маҳмадаминов ва Сэм Теренс Кондор, намояндагони ҳамешагии Тоҷикистон ва Федерасиюни Сент Китс ва Невис ин санадро ба имзо расонданд.

Тоҷикистон бо аксарияти кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 161 давлат истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф кардааст.

То имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 2100 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳоро фаро мегиранд.

Лентаи хабарҳо
0