13:32 18 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, акс аз бойгонӣ

Мулоқоти сол: Путин, Мирзиёев, Лукашенко бо ҳамтоёнашон ба Душанбе меоянд

© Sputnik / Алексей Никольский
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
126701

Душанбе мизбони ҷаласаи сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мешавад

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Дар ин бора Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ дода, афзудааст, ки мулоқот 28 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон дар назар аст.

Ҳамоиши мазкур муҳимтарин чорабинии 2018, соли роҳбарии Тоҷикистон дар ИДМ арзёбӣ мешавад.

Дар назар аст, ки зимни ин ҷаласа дар Душанбе роҳбарӣ дар ИДМ аз Тоҷикистон ба Туркманистон вогузор шавад. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки феълан роҳбари Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ мебошад, ин мақомашро ба ҳамтои туркманаш месупорад.

Дар арафаи мулоқоти сарони давлатҳо, вазирони умури хориҷии кишварҳои ИДМ дар Душанбе ҷаласа баргузор хоҳанд кард.

Феълан масъулини кишварҳои ИДМ доираи васеи масъалаҳо, аз истифодаи кайҳон то фароҳам кардани ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи мобилиро баррасӣ доранд ва дар назар аст, ки то охири сол дар ин масоил созишномаҳо ба имзо бирасанд.  

Барчаспҳо:
ИДМ, Душанбе, раисҷумҳурон, ҳамоиш, мулоқот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ