13:58 21 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Шаҳри Тошканд, акс аз бойгонӣ

Мадҳ кунед: раиси пойтахт аз расонаҳо хост, маъмурияти шаҳрдориро ситоиш кунанд

© Flickr / stefan_fotos
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
38001

Ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ба рӯзноманигорон гуфт, ки новобаста аз анҷоми корҳои бисёр, ӯ ва зердастонаш наметавонанд тамоми мушкилиро ҳал кунанд

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи раиси  шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев дар мулоқот бо хабарнигорон хоҳиш кард, ки рӯзноманигорон айби мақомотро накофта, баръакс нисбаташон мақолаҳои мадҳу ситоишомез нашр кунанд. Дар ин бора хабаргузории Kun.uz гузориш медиҳад.

"Ба ҳама кӯшишҳои мо нигоҳ накарда, вокунишҳои манфии ҷомеа кам намешавад. Ман ба хабарнигорон савол дорам мо чӣ кор кунем? Ман мехоҳам бифаҳмам, ки кадом мақсадро пеши худ гузорем" —  изҳор дошт вай.

Ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ба рӯзноманигорон гуфт, ки  новобаста аз анҷоми корҳои бисёр, ӯ ва зердастонаш  наметавонанд тамоми мушкилиро ҳал кунанд.

"Мо ду кӯчаро мумфарш мекунем, сипас ба мо менависанд: чаро кучаҳои моро мумфарш накардед? Чигуна мо метавонем ҳама кӯчаҳоро дар яквақт таъмир кунем? Барои ин масолеҳ лозим,  қувваи корӣ ва маблағи басанда лозим, ки  мо надорем. Мо наметавонем дар як вақт 100 кӯчаи Тошкандро  мумфарш кунем?  Якбора анҷом додани ҳамаи ин корҳо ғайриимкон аст, Шумо ба мардум фаҳмонед", — хоҳиш кард шаҳрдор аз рӯзноманигорон.

Ӯ аз хабарнигорон хоҳиш кард, ки нуқсони маъмурияти   шаҳрро накофта, бо мақомоти Тошканд ҳамкорӣ кунанд ва фикрҳои ҷолиби худро пешниҳод созанд.

"Мо дар ҳама ҷо камбудиҳоро ҷустуҷӯ дорем. Дар як вақт ҳамаро ҳал кардан кори саҳл нест. Танҳо пай дар пай ҳамаашро иҷро хоҳем кард, то ки заминаи мустаҳкам дошта бошанд.  Ман мехоҳам бо рӯзноманигорон  ҳамкорӣ дошта бошам. Ба ман имконият диҳед, ки бо Шумо кор кунам. Ба ман идея пешниҳод кунед, ки чигуна дар оянда фаъолият бояд кунем, то ки мардум аз мо розӣ бошанд" — гуфт Ортиқхоҷаев.

Барчаспҳо:
раиси шаҳр, Тошканд, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ