Раҳмон ба Шералӣ Ҷӯраев унвони "Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон" дод

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон вручил государственные награды Таджикистана группе государственных деятелей
Эмомали Рахмон вручил государственные награды Таджикистана группе государственных деятелей - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунарманд барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ бо унвони фахрӣ сарфароз гардид

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Имрӯз, 30 август кишвардори Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Истиқлол ба ҳунарманди мардумии Узбакистон Шералӣ Ҷӯраев унвони фахрии "Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон" —ро дод. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳамчунин тибқи фармони раисҷумҳур Мавлуда Халилова — ходими калони илмии шуъбаи "Устод — шогирд мактабӣ"-и Маркази миллии  санъати мақоми Узбакистон бо унвони "Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон" сарфароз гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин сиёсатмадорони Узбакистон Абдулло  Орипов — нахуствазири Узбакистон ва Абдулазиз Комилов — вазири умури хориҷаи Узбакистонро бо Ордени "Исмоили Сомонӣ" дараҷаи II сарфароз кард.

"Шавкат Ҳамроев — вазири хоҷагии оби ҷумҳурӣ, бо ордени "Шараф" дараҷаи I, Зокирҷон Алматов — мушовири Вазири корҳои дохилии Узбакистон, Абдуваҳҳоб Воҳидов — раиси маркази фарҳанги миллии тоҷики вилояти Самарқанд, Исмоил Ҷурабеков — мушовири Вазири хоҷагии оби ҷумҳурӣ, Тухтамиш Тухтаев — мудири шуъбаи рӯзномаи "Овози тоҷик" ва Таваккал Чориев — профессори кафедраи таҳсилоти ибтидоии Донишгоҳи давлатии Бухоро, бо Ордени "Дӯстӣ сарфароз шуданд", — омадааст дар иттилои манбаъ.

Джурабек Муродов и Шерали Чураев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷӯрабек Муродов: Шералӣ Ҷӯраев шахсан ба Тоҷикистон омада, истиқлолро табрик гуфта буд

Шахсони мазкур, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар таҳкиму тавсеа ва густариши муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, робитаҳои фарҳангию башардӯстона, иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи самарабахши байни ду кишвар ба манфиати мардумони тоҷику ӯзбек саҳми босазо гузоштаанд, бо мукофотҳои давлатии   Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд, афзудааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, пештар раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба чанде аз намояндагони илм ва фарҳанг ва сиёсатмадорони тоҷик ҷоиза дода буд.

Ҳамин тавр, Давлатманд Холов ва Атҳам Холиқов — ҳунармандони машҳури фалаксаро ва опреасарои тоҷик бо унвони "Ҳунарманди мардумии Узбакистон" сазовор шуданд.

Лентаи хабарҳо
0