11:30 19 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Шавкат Мирзиёев ба Эмомалӣ Раҳмон орден дод

Тавсифи Шавкат Мирзиёев аз пуртоқатии Эмомалӣ Раҳмон

© Facebook пресс-секретаря президента Узбекистана Комила Алламжанова
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
123910

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон пуртоқатиро хислати барҷастаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хондааст

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Саидмурод Фаттоҳзода, муовини аввали Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон, мегӯяд, Шавкат Мирзиёев махсусан аз пуртоқатию дурандешии Эмомалӣ Раҳмон тавсиф кард.

"Шавкат Мирзиёев ҳангоми супоридани яке аз орденҳои арзишманди кишвараш "Эҳтироми сарзамини авлодӣ" ("Эл юрт ҳурматӣ") хизматҳои арзишманди Роҳбари давлати тоҷиконро таъкид намуда, махсус зикр кард, ки маҳз пуртоқативу дурандешии Эмомалӣ Раҳмон заминаи устуворе барои дар сатҳи нав роҳандозӣ намудани муносибатҳои ин ду кишвари ҳамсоя ва дӯст, барқарор гардидани муносибатҳои таърихии ин ду миллати бародар фароҳам овард", — навиштааст Фаттоҳзода дар нашрияи "Минбари халқ".

Муовини аввали Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки  раисиҷумҳури Тоҷикистон дар сатҳи сиёсат ва ҳамкориҳои байналмилалию минтақавӣ пайваста кӯшиш менамояд, ки аз зовияи диди инсонпарварона бо назардошти манфиати халқу миллатҳои дигар низ тасмим бигирад.

"Дар амалӣ намудани пуружаҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ, ба хусус тарҳҳое, ки ба истифодаи мунсифонаи об иртибот дошта, дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз масоили доғ маҳсуб мешавад, манфиатҳои кишварҳои ҳамҷавор ҳамеша ба назар гирифта мешавад", — изҳор доштааст ӯ.

Фаттоҳзода таъкид намудааст, ки маҳз ҳамин хислати Эмомалӣ Раҳмон боиси он гардид, ки масоили баҳсталаби минтақа бо роҳи мусолиҳатомез ҳалли худро ёбанд.

"Имрӯз натиҷаи ҳамин сиёсати хирадмандона аст, ки ҷумҳурии мо бо кишварҳои ҳамсоя муносибатҳои мутақобилан судманд дошта, бо вуҷуди баъзе пешгӯиҳои коршиносони хориҷӣ ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта бо роҳи осоишта комёб мегардад", — таъкид намудааст ӯ.

Фаттоҳзода дар ин матлаб изҳор доштааст, ки Эмомалӣ Раҳмон аз миёни мардум баромадааст.

"Танҳо ин ҷо ба нуктае ишора хоҳам кард, ки ин шахсияти бузург дар баробари роҳбари оқилу дурандеш ва ботаҷрибаву солор будан, инчунин одилу адолатпеша низ ҳастанд", — изҳор доштааст ӯ.

Саидмурод Фаттоҳзода афзуд, ки солҳои зиёд ба ҳайси ёвари раисиҷумҳур, мудири котиботи раисиҷумҳур, мушовири давлатии раисиҷумҳур оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва феълан ба ҳайси муовини якуми раиси ҲХДТ кор карда истодааст ва худро аз шогирдони содиқи мактаби бузурги сиёсӣ, давлатдорӣ ва одамияти Эмомалӣ Раҳмон медонад.

Барчаспҳо:
дурандешӣ, Мирзиёев, Раҳмон, тавсиф, Тоҷикистон-Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ