12:30 20 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Китоб, акс аз бойгонӣ

Китоби нави Эмомалӣ Раҳмон чоп шуд: раисиҷумҳур ҳадафаш дар ояндаро баён кард

CC0 / Pixabay
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
277 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон китоби нав таҳти унвони "Уфуқҳои истиқлолол" - ро навиштааст, ки ахиран дар нашриёти "Ганҷ" аз чоп баромад

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Тибқи иттилои хабаргузории "Ховар", раисиҷумҳур дар сарсухан, панҷ боб ва охирсухани китоби наваш бурду бохту Тоҷикистон дар замони истиқлолро ба баррасӣ гирифта, дар охирсухан ҳадафҳояш барои ояндаро баён доштааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар боби якуми китоби хеш навиштааст, ки муҳимтарин дастоварду комёбӣ аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад.

"Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки мактаби давлатдории миллии худро рушд дода, модели муосирро озодона интихоб намояд. Маҳз дар ҳамин давра заминаҳои устувори сиёсӣ ва ҳуқуқии сохти нав, яъне давлати демократии ҳуқуқбунёд гузошта шуданд", — таъкид кардааст раисиҷумҳур.

Боби дуюми китоб бештар дар масоили иқтисодӣ буда, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки дар сиёсати иқтисодии Ҳукумат рушди соҳаи саноат самти пешбарандаи иқтисоди миллӣ эътироф шудааст.

Дар мавриди масоили иҷтимоӣ, ки дар боби сеюм баён шудаанд, раисиҷумҳур навиштааст, ки дар зарфи чоряк аср заминаи воқеӣ барои ташаккули сиёсати созандаи иҷтимоие, ки инсонро дар маркази диққат қарор медиҳад, ба вуҷуд оварда шудааст.

Масоили марбут ба ваҳдати миллӣ, суботи иҷтимоӣ, фарҳанги миллӣ, забони давлатӣ, идораи давлатӣ, мақоми ҷавонону занон дар ҷомеаи муосир, озодии виҷдон ва танзими оқилонаи анъанаҳои миллӣ, озодии баён ва рушди воситаҳои ахбори омма, таъмини амнияти миллӣ чун ҳадафи асосии давлату миллат дар боби чаҳоруми китоб мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтааст. Раисиҷумҳур дар ин самт фарҳанги миллиро асоси давлатсозӣ, соҳаи сарнавиштсоз ва такягоҳи маънавии ҷомеа арзёбӣ кардааст.

Дар боби панҷуми китоб сухан аз сиёсати берунӣ рафта, Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки Тоҷикистон, кӯшишҳои пайгирона барои дарёфти ризоияту манфиатҳои мутақобила бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пеш гирифтаст.

Дар охирсухан, ки «Нигоҳе ба фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол» ном дорад, Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои аввалиндараҷаашро барои оянда баён кардааст.

"Ҳифзи истиқлолият ва рушди давлатдории миллӣ мазмуни асосии тамоми фаъолияти моро ташкил дода, таҳкими иқтисодии мамлакат, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагии аҳолӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯйи Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон вазифаҳои аввалиндараҷаи мо ба шумор мераванд", — таъкид намудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Барчаспҳо:
Уфуқҳои истиқлол, китоби нав, раисиҷумҳур, истиқлол, чопхона, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ