01:29 23 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.06
  • RUB0.14
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии Афғонистон, акс аз бойгонӣ

Тоҷикистонро исломӣ кунем: Абдуллоҳ ҷузъиёти суҳбати Мулло Умар бо Аҳмадшоҳ Масъудро гуфт

wikimedia.org
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
197520

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии Афғонистон дар 17-умин солгарди қатли қаҳрамони миллӣ, Аҳмадшоҳи Масъуд ҷузъиёти гуфтушуниди ӯро бо Мулло Умар, раҳбари пешини Толибон баён кард, ки исломӣ кардани Тоҷикистон низ дар меҳвари он будааст

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik.  Абдуллоҳ Абдуллоҳ 9 сентябр дар ҳамоиш барои ёдбуди Аҳмадшоҳи Масъуд дар Кобул, ки баробари мақомдорони аршади дигар, дипломатҳои Тоҷикистон низ дар он иштирок доштанд, суханро аз интиқоди бетартибии гӯиё ҷонибдорони фармондеҳи марҳум оғоз кард. Ӯ аз онҳое, ки давоми рӯз гӯиё барои дӯстдорӣ аз Масъуд ва ёдбудаш сӯи ҳаво тир холӣ мекарданду оромии мардумро халалдор намуданд, интиқоди шадид кард.

Раиси иҷроии Афғонистон дар хитоб ба дастандаркорони бетартибӣ гуфт, ин амали шумо баробар ба қатлу террори дубораи Омир Соҳиб Аҳмадшоҳи Масъуд мебошад, зеро ӯ мухолифи чунин бетартибиҳо буда, барои суботу тартибот дар кишвар талош мекард.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар идомаи суханронияш, ки навори онро расонаҳои Афғонистон нашр кардаанд, таъкид намудааст, ки Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамеша хостори сулҳу тартибот буд ва ҳатто бо Толибон садои сулҳро баланд карда буд.

Раиси иҷроии Афғонистон, ки аз ёрони наздики  Аҳмадшоҳи Масъуд буд, иттилоъ дод, ки Омир Соҳиб як бор тариқи телефони моҳворагӣ бо Мулло Умар, роҳбари Толибон ва як бор бо вазири дифои Толибон гуфтушунид дошта буду аз сулҳу оромии кишвар суҳбат кард.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ,  раиси иҷроии Афғонистон гуфт, Мулло Умар, роҳбари Толибон ба Аҳмадшоҳи Масъуд исломӣ кардани Тоҷикистонро пеш гузошту хостори иттифоқ ва кӯмаки ӯ дар ин масъала шуд.

 "Мулло Умар ва вазири дифоашон гуфтанд, ки мо афроди мусаллаҳро намехоҳем дар Ватан бошанд, силоҳатонро бигузоред.  Шумо дар Тоҷикистон шуҳрати бисёр хуб доред, аморати исломиро дар Тоҷикистон тавсиа бидиҳед", — иттилоъ дод Абдуллоҳ Абдуллоҳ.

Ба гуфтаи ӯ, Аҳмадшоҳи Масъуд пешниҳодро рад карда,  гуфт, ин роҳи ҳал ва сулҳ нест.

 Манбаъ афзуд, сипас ҷониби Толибон аз Масъуд суол кард, ки роҳи сулҳро дар чӣ мебинад.

"Омир Соҳиб дар ҷавоб гуфт, биёед ба натиҷае бирасем, ки як нафар дар ин кишвар як раъй дошта бошад ва бар асоси раъйи мардум як низом ба вуҷуд ояд. Ҳозир мо ҳам худро ҳақ медонем, шумо ҳам худро ҳақ медонед, биёед ихтиёрро ба мардум гузорем", — пешниҳод намудааст Аҳмадшоҳ Масъуд.

Мулло Умар дар посух изҳор доштааст, ки ин қадар Толибон барои он кушта нашуд, ки мардуми кӯчаю бозор бираванд Ҳукумат таъин кунанд.

"Агар роҳи сулҳро хоҳед, биравед Тоҷикистон барои тавсеаи аморати исломӣ кӯмак кунед", — таъкид намудааст Мулло Умар, ки ин мақбули Масъуд нашудааст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ таъкид намуд, ки Масъуд ҷонибдори интихобот буд, мехост, мардуми Афғонистон масъули сарнавишти худ бошанд ва шахсан барои худ ҳеч мансабе намехосту корро ба хотири қавм, вилоят ва забон анҷом намедод.  

Раиси иҷроии Афғонистон таъкид намудааст, Омир Соҳиб Аҳмадшоҳи Масъуд мутааллиқ ба кулли Афғонистон худро медонист ва ӯро набояд мутааллиқ ба қария, вилоят ва қавм донист.

Барчаспҳо:
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Аҳмадшоҳи Масъуд, исломӣ, давлатдорӣ, тоҷикон, Тоҷикистон-Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ