10:10 16 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.66
  • RUB0.14
Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус ва Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон

Лукашенко муносиботи Эмомалӣ Раҳмонро бо Мирзиёев ҳасадбарангез хонд

© Пресс-служба Президента Белоруссии
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
153921

Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорусия, ки бо сафари расмӣ дар Тошканд қарор дорад ба Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон, дар бораи сафари ахири расмияш ба Тоҷикистон нақл кард

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Белорусия, Лукашенко зимни гуфтушунид дар Тошканд аз суҳбаташ бо роҳбарияти Тоҷикистон дар бораи сиёсати раисиҷумҳури Узбакистон  зикр кардааст.  

Сафари расмии раисиҷумҳури Белорусия ба Тоҷикистон ва мулоқоташ бо ҳамтои тоҷик, Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли равон сурат гирифта буд.

Лукашенко дар хитоб ба Мирзиёев гуфтааст,  роҳбарияти Тоҷикистон сиёсати шуморо хеле мусбат баҳогузорӣ кард. 

"Он фикру муносибате, ки элитаҳои ин кишварҳо дар нисбати сиёсати шумо доранд, ҳасадбарангез мебошад. Ман шуморо табрик мекунам, ки тавонистед чунин роҳи сиёсиро, ки барои Узбакистон мувофиқ аст, пеш гирифтед. Мо хеле шодем", — изҳор доштааст Лукашенко.

Ӯ таъкид намудааст, ки сиёсати Мизиёевро дар Узбакистон, ки аҳолии зиёду ақалиятҳои гуногун дорад, хеле бодиққат назора мекунад, махсусан шеваи муносибатеро, ки Мирзиёев бо ҳамсояҳо пеш гирифтааст.

Лукашенко афзудаст, ки дар Узбакистон 19 ҳазор белорус зиндагӣ мекунанд ва мардуми ин ду кишвар, пеш аз ҳама бо меҳнатдӯстияшон монанд мебошанд.

"Агар мо савдо, муаррифӣ кардани моли истеҳсолкардаамонро ҳамчун узбакҳо ёд мегирифем, ду баробар бойтар мебудем. Умедворам, ки ин таҷрибаи хубро ба мо таълим медиҳед", — изҳор доштааст Лукашенко.

 Сафари расмии Лукашенко дар Узбакистон аз 12 то 14 сентябр ҷараён дорад. Узбакистон ба Белорусия аз ҷумла ҳамкорӣ дар бахши нафту газро пешниҳод намудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ