09:53 25 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.41
  • EUR11.11
  • RUB0.14
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба мулоқот дар Душанбе намеояд

© Sputnik / Сергей Гунеев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
189420

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 28 сентябр дар Душанбе дар назар аст, иштирок намекунад

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов барои иштирок дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе, Пурлӣ Оқомуродов, ноиби сарвазири Туркманистонро муваззаф кардааст.

Тибқи иттилои нашрияи ҳукуматии "Нейтральный Туркменистан", Бердимуҳаммедов дар бораи ин тасмимаш зимни ҷаласаи кабинаи вазирон хабар дод.

Ӯ зикр кардааст, ки Туркманистон соли 2019 дар ИДМ роҳбарӣ хоҳад кард ва чун ҳамеша пойбанди мақоми нейтралӣ ва густариши ҳамкориҳои судманди тарафайн бо кишварҳои узви иттиҳод хоҳад буд.

Дар назар аст, ки худи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов аз 29 сентябр то 2 октябр дар ҷаласаи 73-юми Ассамблеяи генералии СММ дар шаҳри Ню-Йорк иштирок кунад.

Худдории Бердимуҳаммедов аз сафар ба Душанбе дар ҳолест, ки ахиран Туркманистон барои убури мошинҳои борбари самти Тоҷикистон аз қаламраваш монеа эҷод кард. Ин иқдомро то ҳол мақомоти Тоҷикистону Туркманистон расман шарҳ надодаанд.

Ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе 28 сентябр дар назар аст.

Ҳамоиши мазкур муҳимтарин чорабинии ИДМ дар соли 2018, соли роҳбарии Тоҷикистон дар созмон арзёбӣ мешавад.

Дар ҳамоиш баррасии доираи васеи масъалаҳои марбут ба тиҷорат, иқтисодиёт, сиёсат ва амният дар назар аст.

Барчаспҳо:
худдорӣ, душанбе, нишасти сарони кишварҳо, ИДМ, мулоқот, Тоҷикистон- Туркманистон

Мавзӯъҳои асосӣ