18:45 16 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.79
  • RUB0.15
Шавкат Мирзиёев, акс аз бойгонӣ

Котиби Мирзиёев аз сафари дурӯзаи раисҷумҳур ба Душанбе хабар дод

© Фото : Пресс-служба президента РУз
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
977 0 0

Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар нишасти шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар Душанбе иштирок мекунад, хабар додааст сухангӯи Шавкат Мирзиёев Комил Алламҷонов

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Миозиёев 27-28 сентябр барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои ҳамсуд ба Душанбе сафар мекунад. Дар ин бора котиби матбуотии раисҷумҳури Узбакистон Комил Алламҷонов хабар додааст.

"Рӯзҳои 27-28 сентябр раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон сафар мекунад", — навиштааст вай дар саҳифаи фейсбукиаш.

Ба иттилои вай, дар рӯзи аввали сафар чанд мулоқоти дуҷониба дар назар аст.

"Раисҷумҳур 28 сентябр дар нишасти сарони кишварҳои ИДМ дар Душанбе иштирок мекунад. Мулоқотҳо дар доираи васеъву дуҷониба  дар назар аст. Инчунин интизор меравад, ки чанд ҳуҷҷат ба имзо расад", — афзудааст вай.

Пештар хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов бо далели сафар ба Амрико барои ширкат дар Маҷмаи умумии СММ дар нишасти сарони кишварҳои ИДМ иштирок намекунад.

Зимнан, ширкати раисҷумҳури Украина низ дар нишаст маълум нест. Ҳоло Киев расман посух нагуфтааст, ки Пётр Порошенко ба нишаст меравад ё не.

Барчаспҳо:
сафар, Шавкат Мирзиёев, ИДМ, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ