05:36 20 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Андӯҳи Эмомалӣ Раҳмон аз марги президенти Ветнам

Пресс-служба президента Таджикистана
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (153)
270 0 0

Хабари реҳлати бармаҳали Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Чан Дай Куанг боиси андӯҳи мо гардид, гуфтааст раисҷумҳури Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik.Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бастагӣ аз хабари даргузашти президенти Ветнам Чан Дай Куанг ба Ҳукумат ва мардуми Ветнам барқияи таслият ирсол кард. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳур гузориш медиҳад.

"Хабари реҳлати бармаҳали Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Чан Дай Куанг боиси андӯҳи мо гардид", - қайд карда мешавад дар аввали мактуби раисҷумҳур.

Президенти Тоҷикистон афзудааст, ки Чанд Дай Куангро ҳамватанонаш эҳтиром мекарданд ва арсаи байналмилалӣ обрӯи баланд пайдо карда буд.

"Бо фаъолияти фидокорнаи худ дар маснади олии Президенти кишвар ва дигар вазифаҳои давлатии муҳим Чан Дай Куанг соҳиби иззату эҳтироми ҳамватанонаш гашта, дар арсаи байналмилалӣ обруву эътибори баланд пайдо карда буд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум, ҳамчунин ба Ҳукумат ва тамоми мардуми дӯсти Ветнам таъзияи амиқ ва тасаллияти сидқии худро иброз менамоям, афзудааст раисҷумҳур.

Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (153)
Барчаспҳо:
барқияи таслият, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ