Якшанбеҳои корӣ: раиси Суғд рӯзҳои истироҳатро дар кор мегузаронад

© Пресс-служба президента РТПредседатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото
Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд якшанбеи 23 сентябр бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳрҳои Бӯстону Хуҷанд шинос шудааст

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси Суғд, Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон, рафти бунёди майдони Парчами давлатӣ,  бинои нозироти андози шаҳр ва навсозии Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айниро назорат кардааст.

Раджаббой Ахмадзода, председеталь Согда на сборе хлопка - Sputnik Тоҷикистон
Раиси Суғд рӯзи истироҳаташро дар пахтачинӣ гузаронд

“Дар шаҳри Хуҷанд бошад Раиси вилоят бо сохтмони бинои иловагии Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд, бинои  гимназияи рақами якуми шаҳр, таъмиру навсозии Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ, Қалъаи Хуҷанд ва меҳмонхонаи “Ленинобод” шинос гардид”, - омадааст дар иттилоия.

Ин дар ҳолест ки  Аҳмадзода, як ҳафта қабл низ рӯзи якшанберо дар майдони пахта гузаронда, барои ёрдам ба деҳқонон даҳҳо кило "тиллои сафед" чида буд.

Лентаи хабарҳо
0