12:12 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Президент России Владимир Путин и глава Таджикистана Эмомали Рахмон

Путин: муносибатҳои Тоҷикистону Русия ба сатҳи нав расиданд

© Фото : Пресс-служба президента РТ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
1018 0 0

Дар 20 сол муносибатҳои Тоҷикистону Русия ба сатҳи иттифоқӣ ва ҳамкориҳои стратегӣ расиданд, қайд кард раисҷумҳури Русия Владимир Путин

ДУШАНБЕ, 27 сен - Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба ташкилкунандагон ва меҳмонони намоишгоҳи торихиву ҳуҷҷатии "Русия Тоҷикистон: дар роҳи дӯстӣ ва созандагӣ" барқияи шодбошӣ ирсол кард.

"Чунин намоишгоҳи бузург бахшида ба санаи муҳим - 25-солагии Созишномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва  кӯмаки мутақобила, ки ба имзо расидани он ба Тоҷикистон ва Русия имкон дод, муносибатҳои байнидавлатиашонро густариши қобили таваҷҷӯҳ бахшанд, баргузор мешавад", - тавзеҳ медиҳад Путин.

Ба гуфтаи вай, муносибатҳои Тоҷикистону Русия ба сатҳи тозаи робитаҳои байнадавлатӣ расидаанд.

"Дар 25 сол муносибатҳои Маскав ва Душанбе ба марҳилаи иттиҳодӣ ва ҳамкориҳои стратегӣ расиданд. Байни кишварҳо муколамаи дуҷонибаи сиёсии пурмӯҳтаво ва ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, илмиву техникӣ ва ҳарбӣ танзим шудааст. Иртиботҳои чандваҷҳии байниминтақавӣ, мубодилаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва маориф рушд мекунанд", - таъкид доштааст вай.

Раисҷумҳур ҳамчунин ба натиҷабахшии талошҳои ҳарду ҷониб дар умури минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла дар ҳошияи ИДМ, СҲШ, СПАД аҳамияти хос дод.

"Боварӣ дорам, ки намоишгоҳ рухдоди муҳим дар ҳаёти фарҳангиву иҷтимоии ҳарду кишвар хоҳад гашт", - афзуд Путин.

Намоишгоҳи "Русия ва Тоҷикистон дар роҳи дӯстӣ ва созандагӣ" ба торихи муносибатҳои байни ин кишварҳо ва халқҳо бахшида шудааст.

Муносибатҳои дипломатии Русия ва Тоҷикистон 8 апрели соли 1992 барқарор гардидааст.

Ҳуҷҷати асосии қонуниву қарордодии Тоҷикистону Русия Созишномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва  кӯмаки мутақобила мебошад, ки соли 1993 ба имзо расидааст.

Русия ва Тоҷикистон ҳамкорони стратегӣ ба ҳисоб рафта, дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, гуманитарӣ ва фарҳангӣ иртиботҳои наздик доранд.

Барчаспҳо:
дӯстӣ, Владимир Путин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ