06:48 22 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.72
  • RUB0.14
Уникальная фотография матери первого президента Узбекистана

Хамиршӯриашро дӯст медоштам: ҷузъиёти муносибати Ислом Каримов бо модараш

© Facebook / Karimov Foundation - Каримов Фонди
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
377 0 0

Аввалин раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов доим бо муҳаббат модарашро ёд мекард ва заковати ӯро таҳсин мегуфт

ДУШАНБЕ, 27 сен – Sputnik. Бунёди Ислом Каримов як қатор аксҳои ҷолибро аз хазинаи оилавии президенти якуми Узбакистон мунташир карда, ҷузъияти хурди муносибати президентро бо модараш гуфтааст.

Модари Ислом Каримов Санобар Каримова соли 1902 таваллуд ва соли 1982 вафот кардааст. Вай ҳашт фарзандро ба воя расонида, ҳаёташро баҳри таълиму тарбияи онҳо бахшидааст.

“Президент ҳамеша бо изтироб ва хотираҳои гарм аз модараш изҳори назар мекард. Вай доим мегуфт, ки дар кӯдакӣ тамошои хамиршӯрӣ ва хӯрокпазии  модарашро дӯст медошт. Ислом Абдуғаниевич мегуфт, ки модараш зуд-зуд ӯро бо худ ба бозор ва хонаи хешовандонаш мебурд”, - менависад Бунёди ислом Каримов.

Каримов заковат ва хиради расои модарро доим бо ифтихор ёдовар мешудааст.  Модар ҳар бор дар сафари писари президенташ ба зодгоҳаш Самарқанд аз вай рухдодҳои кишварро пурсон мешудааст.

Ёдрас мешавем, Ислом Каримов аз соли 1989 Узбакистонро роҳбарӣ мекард. Ӯ моҳи сентябри соли 2016 пас аз сактаи майнаи сар даргузашт. Раисҷумҳурро дар зодгоҳаш шаҳри Самарқанд ба хок супориданд.

Ислом Каримов чор маротиба - дар солҳои 1991, 2000, 2007 ва 2015 дар интихоботи президентӣ пирӯз шуда буд.

Дар 27 соли роҳбарӣ расман дар бораи бемории раисҷумҳур хабаре дода намешуд. Аммо расонаҳо менавиштанд, ки Каримов чанд бемориро аз сар гузаронидааст.

Барчаспҳо:
Ислом Каримов, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ