Медведев ба Тоҷикистон расид

© Sputnik / Александр АстафьевПремьер-министр России Дмитрий Медведев
Премьер-министр России Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири рушди иқтисоди кишвар Неъматулло Ҳикматуллозода нахуствазири Русия Дмитрий Медеведевро пешвоз гирфит

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев барои ширкат дар нишасти Шӯрои сарони Ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ ба Душанбе расид.

Медведовро вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пешвоз гирифт.

11-12 октябр дар Душанбе нишасти Шӯрои сарони Ҳукуматҳои СҲШ баргузор мешавад. Ба пойтахти Тоҷикистон ҳайъати Русия, Узбакистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон ва Покистон меҳмон мешаванд.

Нишасти СҲШ дар Тоҷикистон бо роҳбари нахуствазири кишвар Қоҳир Расулзода баргузор мешавад. Дар кори нишаст масоили рушди муносибатҳои тиҷориву иқтисодӣ ва ҳамкориҳои гуманитарӣ дар ҳошияи СҲШ баррасӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин мулоқоти дуҷонибаи сиёсатмадорон дар назар аст.Созмони ҳамкориҳоим Шанхай - ташкилоти байналмилалиест, ки соли 2001 аз ҷониби роҳбарони Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон , Тоҷикистон ва Узбакистон созмон дода шудааст.

Дар соли 2017 Ҳиндустону Покистон низ узви СҲШ шуданд.

Сарҳади умумии кишварҳои СҲШ 60 дар сади ҳудуди кишварҳои Авруосиёро ташкил медиҳад. Аҳолии СҲШ қисме аз аҳолии тамоми қишри замин аст.

Мақсади асосии фаъолияти созмон амният, мубориза бо тероризму ифротгароӣ, маводи мухаддир ва рушди ҳамкориҳои иқтисодиву энергетикӣ ва фарҳангӣ гуфта мешавад.

Лентаи хабарҳо
0