22:37 17 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ

Мулоқоти Раҳмон бо сарони ҳукуматҳои узви СҲШ

© Пресс-служба Президента РТ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
88 0 0

Раисҷумҳур дар назди нахуствазирони кишварҳои узви СҲШ суханронӣ намуда, аз тероризму ифротгароӣ, вазъи Афғонистон, қачоқи маводи мухаддир ва ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун гуфтааст

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи нишасти сарони Ҳукуматҳои узви СҲШ бо нахуствазирони кишварҳои аъзо мулоқот кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин мулоқот нахуствазири Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Белорус, вазири умури хориҷаи Покистон, Ҳинустон, раиси иҷроияи Афғонистон дабири кулли СҲШ ва намояндагони Эрону Муғулистон ба Тоҷикистон иштирок доштанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотӣ раисҷумҳур дар суханрониаш дар назди ҳайъатҳо аз хатарҳои глобалӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори нигаронӣ кардааст.

"Зимни баррасии масоили амниятӣ, президент ҳамчунин таъкид дошт, ки субот ва амният дар минтақаи Созмони Ҳамкории Шанхай ва атрофи он мустақиман ба вазъияти феълии Шарқи Наздик ва Афғонистон алоқаманд аст", - менависад манбаъ.

Эмомалӣ Раҳмон масоили равобити иқтисодии кишварҳо, ҳамкориҳои кишварзиву робитаҳои гуманитарӣ ва  фарҳангиро дар ҳошияи созмон муҳим арзёбӣ кардааст.

Тоҷикистон чун яке аз муассисони Созмони Ҳамкории Шанхай минбаъд низ барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд байни давлатҳои аъзо ва баланд бардоштани нақши Созмон дар робитаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, афзудааст президенти Тоҷикистон.

Мавзӯъҳои асосӣ