22:30 17 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.68
  • RUB0.14
Лидер партии ЛДПР Владимир Жириновский встретится с президентом Таджикистана Эмомали Рахмоном

Шумо сиёсатмадори дурандешед: Эмомалӣ Раҳмон Владимир Жириновскийро пазирифт

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
86910

Шумо сиёсатмадори дурандеш, Президенти мардумӣ ва Асосгузори давлати навини Тоҷикистон ҳастед. Дар марҳилаи барои давлату миллати тоҷик бисёр ҳассос Шумо муҳтарам Президент мардумро аз вартаи ҳалокат ва давлатро аз нобудшавӣ раҳо бахшидед, изҳор доштааст ӯ

ДУШАНБЕ, 02 ноя — Sputnik. Имрӯз, 2 ноябр дар Қасри миллат раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуруҳи вакилони Думаи давлатии Русияро таҳти сарварии раиси Ҳизби либерал - демократи Русия Владимир Жириновский, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла таҳкими робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

"Ҷонибҳо аз сатҳи имрӯзаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ, низомиву техникӣ ва илмию фарҳангӣ, ки самтҳои асосии ҳамкории ҷонибҳоро дар доираи шарикии стратегӣ ташкил медиҳанд, изҳори қаноатмандӣ карда, густариши муносибатҳои минбаъдаи байнипарлумониро аз манфиатҳои муштараки ду кишвар  арзёбӣ намуданд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Владимир Жириновский зимни суханронӣ ба саҳм ва талошҳои  Эмомалӣ Раҳмон дар густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия баҳои баланд додааст.

"Шумо сиёсатмадори дурандеш, Президенти мардумӣ ва Асосгузори давлати навини Тоҷикистон ҳастед. Дар марҳилаи барои давлату миллати тоҷик бисёр ҳассос Шумо муҳтарам Президент мардумро аз вартаи ҳалокат ва давлатро аз нобудшавӣ раҳо бахшидед", - гуфтааст раиси ЛДПР.

“Мо нисбати Шумо эҳтироми самимӣ дорем ва Шуморо ҳамчун сиёсатмадори оқилу хирадпеша ва бунёдкор эътироф мекунем”- афзудааст ӯ.

Дар мулоқот таъкид гардидааст, ки ҳайатҳои парлумонии Русия ва Тоҷикистон дар доираи созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди байнипарлумонӣ, ассамблеяҳои байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷомеаи иқтисодии АвруОсиё ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҳамкории устувор ва фаъол доранд.

"Барои таҳкиму тавсеаи ҳамкории дуҷониба Комиссияи доимоамалкунандаи байнипалатагии парламентӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия фаъолият дорад", - изҳор доштааст раисҷумҳури Тоҷикистон.

Дар ҷараёни мулоқот сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, аз ҷумла омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон, ҷалби омӯзгорони русзабон, тайёр кардани мутахассисон дар муассисаҳои олии таълимии Русия ва филиалҳои онҳо дар Душанбе, ибрози қаноатмандӣ карда шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ