Маълум шуд, ки Жириновский ба Раҳмон чӣ ваъдаҳо додааст

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЛидер партии ЛДПР Владимир Жириновский встретится с президентом Таджикистана Эмомали Рахмоном
Лидер партии ЛДПР Владимир Жириновский встретится с президентом Таджикистана Эмомали Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Русия бояд дар ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон дасти ёрӣ дароз кунад. Дар Афғонистон ҷанги хунин идома дорад ва қариб ҳаррӯз қонуншиканони мусаллаҳ кӯшиши убури марзи давлатиро мекунанд, марзбонон ҳалок мешаванд. Мо бояд барои таъмини амният ва пешгирии ин таҳдидҳо кӯмак кунем, изҳор доштааст раиси ЛДПР

ДУШАНБЕ, 02 ноя — Sputnik. Раиси Ҳизби либерал - демократи Русия Владимир Жириновский ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ваъда додааст, ки раванди тасвиби шартномаҳои байни Тоҷикистон ва Русияро метезонад. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи вай, Русия бояд дар ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистони дасти ёрӣ дароз кунад.

"Дар Афғонистон ҷанги хунин идома дорад ва қариб ҳар рӯз қонуншиканони мусаллаҳ кӯшиши убури марзи давлатиро мекунанд, марзбонон ҳалок мешаванд. Мо бояд барои таъмини амният ва пешгирии ин таҳдидҳо кӯмак кунем",  - изҳор доштааст раиси ЛДПР.

Пештар хабар дода шуд, ки раиси Ҳизби либерал - демократи Русия дар мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кишвардорро тавсиф кард.

"Шумо сиёсатмадори дурандеш, Президенти мардумӣ ва Асосгузори давлати навини Тоҷикистон ҳастед. Дар марҳилаи барои давлату миллати тоҷик бисёр ҳассос Шумо муҳтарам Президент мардумро аз вартаи ҳалокат ва давлатро аз нобудшавӣ раҳо бахшидед", - изҳор дошт Жириновский.

Меҳмони Тоҷикистон ҳамчунин бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон мулоқот карда буд.

Жириновский аз маконҳои торихиву фарҳангии Тоҷикистон дидан кард. Ӯ аз табиат, меҳмоннавозӣ ва оромӣ дар кишвар низ тавсиф намуд.

Имрӯз, баъди мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ҳайъати ҳизб ба Тошканд рафтаанд.

Лентаи хабарҳо
0