15:48 22 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.75
  • RUB0.14
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Расулзода дар Остона: 15 қарорро қабул кардем

© Пресс-служба Президента РТ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
71 0 0

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар пайи ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ дар Остона ба рӯзноманигорон аз қабул шудани 15 қарор хабар дод

ДУШАНБЕ, 02 ноя — Sputnik. Расулзода гуфт, 15 қароре, ки дар ҷаласа қабул гардиданд ба таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ мусоидат хоҳанд кард.

Ӯ аз ҷумла асноди марбут ба омодагии муштараки кишварҳои ИДМ ба садамаҳои ҳастаӣ ва ҳамкориҳои бахши гуманитариро зикр кардааст.

Николай Спасский, муовини мудири кулли “Росатом”, дар шарҳи санади имзокардаи сарони ҳукуматҳои ИДМ ба Sputnik Қазоқистон шарҳ додааст, ки дар қаламрави кишварҳои созмон пойгоҳҳои ҳастаӣ бунёд мешаванд, истихроҷи уран сурат мегирад, марказҳои таҳқиқотӣ амал мекунанд. Маводи ҳастаӣ ва манбаъҳои радиоактивӣ интиқол дода мешаванд, марзҳоро убур мекунанд ва барои ҳамин зарур аст, ки як низоми ягонаи вокуниш ба ҳолатҳои садамаи ҳастаӣ дар қаламрави ИДМ ташкил карда шавад.

Барчаспҳо:
ҳастаӣ, Қоҳир Расулзода, Тоҷикистон, Қазоқистон, ИДМ

Мавзӯъҳои асосӣ